Декабр 25, 2018 17:29 Asia/Dushanbe
  • Таъкиди Рӯҳонӣ бар тақвияти ҳамаҷонибаи муносиботи Теҳрон-Баку

Раисҷумҳури исломии Эрон бар тақвият ва таҳкими ҳамаҷонибаи муносиботи Теҳрон- Баку ва тасреъ дар иҷрои тавофуқҳои дуҷониба таъкид кард.

Ҳасани Рӯҳонӣ, раисҷумҳури исломии Эрон дар дидори Огтай Асадов, раиси Маҷлиси ҷумҳурии Озарбойҷон дар Теҳрон, густариши равобити ду кишварро бисёр боаҳаммият донист ва гуфт: Самараи талошҳо ва иртиботи наздики масъулони Эрон ва ҷумҳурии Озарбойҷон, тавсеаи рӯзафзуни ҳамкориҳои ду кишвар будааст.  

Рӯҳонӣ бо ишора ба зарурати густариши равобит ва ҳамкории Эрон ва ҷумҳурии Озарбойҷон дар бахшҳои мухталиф аз ҷумла санъат, дорусозӣ, илмӣ ва фанноварӣ, афзуд: Теҳрон ва Баку дар заминаи истифода аз манобеи энержии дарёи Хазар, тасмими муҳиме мабнӣ бар фаъолияти муштарак дар ин ҳавза гирифтаанд, ки бояд бо талоши масъулон ин тавофуқҳо ба суръат иҷроӣ шавад.

Раисҷумҳури исломии Эрон ҳамчунин бо баёни инки масоил ва ихтилофҳои минтақаӣ бояд аз тариқи роҳҳалҳои сиёсӣ ва гуфтугӯ бартараф шавад, омодагии Теҳронро барои ҳаргуна кумак дар ҳалли муноқишоти минтақаӣ эълом кард.

Огтай Асадов, раиси Маҷлиси ҷумҳурии Озарбойҷон низ бо ишора ба зарурати талош барои тавсеаи ҳамаҷонибаи муносибот ва ҳамкории Теҳрон- Баку бавижа дар заминаи тиҷорӣ ва иқтисодӣ гуфт: Рӯйкарди Эрон дар қиболи масоил ва мавзуоти минтақаӣ ва байналмилалӣ ва дифоъ аз ҳаққи ҳокимият ва тамомияти арзии кишварҳои ҳамсоя, мавриди эҳтиром аст.

 

Барчасп