Декабр 26, 2018 18:28 Asia/Dushanbe
  • Дармони 200 ҳазор бемори ироқӣ дар бемористонҳои шаҳри Машҳад

Имсол дар бемористонҳои дувумин шаҳри бузурги Эрон 200 ҳазор бемори ироқӣ таҳти дармон қарор гирифтаанд.

Доктор Шариф Ёсин, сарконсули кишвари Ироқ дар шаҳри Машҳади Эрон дар боздид аз бемористони тахассусии чашм ба номи Бино дар ин шаҳр афзуд: Аз оғози 2018 токунун ду миллион зоири ироқӣ барои зиёрати мурақади имом Ризо (а) ба Машҳади муқаддас сафар кардаанд.  

Вай изҳор дошт: Пешбинӣ мешавад, соли оянда чаҳор то панҷ миллион зоири ироқӣ ба Машҳади муқаддас сафар кунанд, лизо теъдоди гардишгарони саломат низ дар ин муддат 400 то 500 ҳазор нафар пешбинӣ мешавад.  

Ба гуфтаи вай, бемориҳои сахтдармон монанди анвои саратонҳо, бемориҳои чашм ва дастгоҳи гувориш, ҷарроҳиҳои зебоӣ монанди кошти му ва ба вижа ҷарроҳии бинӣ бештарин иллати муроҷиаи шаҳрвандони ироқӣ ба бемористонҳои Машҳад будааст.  

Доктор Ёсин афзуд: Бемористон ва марокизи дармонии Машҳад аз имконот, пизишкон ва кадри дармонии тавонманд бархурдор ҳастанд ва беморони ироқӣ, ки пеш аз ин барои дармон ба кишварҳои Туркия ва Урдун мерафтанд, акнун Эрон ва шаҳри Машҳадро барои дармон интихоб мекунанд.

Доктор Алиризо Исмоилӣ, мудиромили бемористони тахассусии чашм Бино низ гуфт: Бештари беморони пазиришшуда дар ин маркази дармонӣ, хориҷӣ ҳастанд ва аз кишварҳои Ироқ, Тоҷикистон, Туркманистон, Озарбойҷон, Афғонистон, Кувайт, Баҳрайн ва Қатар муроҷиа мекунанд.

Машҳад дувумин шаҳри бузурги Эрон ҳудуди 350 километри мураббаъ вусъат ва ҳудуди се миллиону 500 ҳазор нафар ҷамъият дорад.