Декабр 30, 2018 12:41 Asia/Dushanbe
  • Ироқ шарики таҳримҳои золимонаи Амрико алайҳи Эрон намешавад

Раиси маҷлиси аълои исломии Ироқ бо таъкид бар инки мардуми ин кишвар ҳеҷ гоҳ ҳимоятҳои Эрон аз Ироқ дар рӯзҳои сахти ҷанг бо ДИИШ-ро фаромӯш намекунанд, тасреҳ кард, ироқиҳо шарики таҳримҳои золимонаи Амрико алайҳи Эрон нахоҳанд шуд.

Ба гузориши хабаргузории Меҳр, Ҳамом Алҳамудӣ дар гуфтугӯ бо барномаи «Бидуни марз»-и Садо ва симои Эрон таъкид кард, ироқиҳо дар масъалаи таҳрими Эрон натанҳо дар канори душманони Ҷумҳурии Исломӣ қарор нахоҳанд гирифт, балки талош хоҳанд кард, ин барномаро ба шикаст бикашонанд.

Раиси маҷлиси аълои исломии Ироқ ба равобити дӯстонаву амиқ ва ҳамчунин иштирокоти фарҳангӣ ва таърихии Ироқ ва Эрон ишора кард ва афзуд, Ҷамҳурии исломии Эрон ҳамвора шарики ғаму шодии Ироқ будааст.

Ҳамом Алҳамудӣ таъкид кард, Бағдод ба ҳеҷ кас иҷоза намедиҳад, боиси ҷудоии Эрон ва Ироқ шавад.

Раиси маҷлиси аълои исломии Ироқ ҳамчунин гуфт: Хабарҳои дақиқе аз талоши Амрико барои бозгардондани гурӯҳи террористии ДИИШ аз Сурия ба Ироқ вуҷуд дорад, аммо неруҳои ироқӣ аз ҷумла басиҷи мардумии Ироқ - Ҳашдушшаъбӣ ҳаргиз ин иҷозаро нахоҳанд дод.

Таҳримҳои золимонаи Амрико алайҳи Ҷумҳурии Исломии Эрон бо вокуниш ва маҳкумияти шадиди гурӯҳҳо ва шахсиятҳои ироқӣ рӯбарӯ шудааст.

Нахуствазири Ироқ пештар тасреҳ карда буд, ин кишвар бахше аз таҳримҳои Амрико алайҳи Эрон нахоҳад буд ва Ироқ аз ин таҳримҳо пайравӣ нахоҳад кард.

Доналд Трамп раиси ҷумҳурии Амрико, сешанбе 8 май ба таври якҷонба бо нақзи тааҳҳудоти Вашингтон дар бораи БАРҶОМ кишварашро аз ин тавофуқи байналмилалӣ хориҷ ва бозгашти таҳримҳои ҳастаиро эълом кард.