Декабр 31, 2018 18:54 Asia/Dushanbe
  • Раҳбари инқилоби исломӣ: Пирӯзиҳои бузургтаре барои Фаластин дар роҳ аст

Раҳбари муаззами инқилоби исломӣ таъкид карданд: Фаластин бо қудрат хоҳад монд ва ба лутфи илоҳӣ дар ояндаи на чандон дур, пирӯзии ниҳоии миллати Фаластин муҳаққақ хоҳад шуд.  

Ҳазрати Оятуллоҳ Хоманаӣ, раҳбари муаззами инқилоби исломӣ дар дидори Зиёд Алнахола, дабири кулли ҷиҳоди исломии Фаластин ва ҳайъати ҳамроҳ бо ишора ба як муодилаи равшан дар қазияи Фаластин гуфтанд: “Бар асосии ин муодила агар муқовимат кунед, пирӯз хоҳед буд ва агар муқовимат накунед, пирӯзӣ нахоҳед дошт, аммо ба фазли илоҳӣ, мардуми Фаластин дар мубориза бо режими саҳюнистӣ токунун муқовимат карда ва пирӯз будаанд”.

Ҳазрати Оятуллоҳ Хоманаӣ афзуданд: Пирӯзии аслии мардуми Фаластин ва гурӯҳҳои муқовимат ин будааст, ки режими саҳюнистӣ, ки артишҳои арабӣ натавонистанд онро шикаст диҳанд, ба дасти онон ба зону даромад ва ба изни илоҳӣ пирӯзиҳои бузургтаре низ хоҳанд дошт.  

Раҳбари муаззами инқилоби исломӣ хотирнишон карданд: Режими саҳюнистӣ, ки дар ду ҷанги қаблӣ бо гурӯҳҳои муқовимат, дар барҳае баъд аз 22 рӯз ва дар барҳае дигар баъд аз 8 рӯз дархости оташбас кард, дар охирин даргирӣ, баъд аз 48 соат хостори оташбас шуд ва ин ба маънии ба зону даромадани режими ғосиби саҳюнистӣ аст.

Раҳбари муаззами инқилоби исломӣ ҳамчунин бо ишора ба фишорҳои сангини ҷибҳаи истикбор ба ҷумҳурии исломии Эрон гуфтанд: Ин фишорҳо ҳаргиз муҷиб нахоҳад шуд, то мо аз вазифаи илоҳӣ, динӣ ва ақлонии худ дар ҳимоят аз Фаластин мунсариф шавем.

 

Барчасп