Январ 06, 2019 15:23 Asia/Dushanbe
  • Музокироти муовини вазири умури хориҷии Эрон дар Кобул

Сайидаббоси Ироқчӣ, муовини сиёсии вазири умури хориҷии Эрон дар Кобул бо мақомоти Афғонистон дар бораи мавзӯоти муҳиме гуфтугӯ кард. Пайгирии умури кории кумитаҳои панҷгонаи Эрону Афғонистон барои имзои санади ҷомеи ҳамкориҳои ду кишвар ва музокироти сулҳ бо гурӯҳи Толибон аз муҳимтарин меҳварҳои музокироти Ироқчӣ бо мақомоти Афғонистон буд.

Муовини вазири умури хориҷии Эрон дар ҳамин замина рӯзи шанбе дар дидор бо Абдуллоҳ Абдуллоҳ, раиси иҷроияи Давлати Ваҳдати Миллии Афғонистон зимни ҳимоят аз раванди мардумсолорӣ ва баргузории интихобот дар Афғонистон таъкид кард, Эрон аз давлати Афғонистон ва музокироти сулҳ ба раҳбарӣ ва моликияти афғонҳо ҳимоят ва пуштибонӣ мекунад. Абдуллоҳ Абдуллоҳ, раиси иҷроияи Давлати Ваҳдати Миллии Афғонистон низ дар ин дидор бо қадрдонӣ аз музокираи Эрон бо гурӯҳи Толибон гуфт, давлати  Кобул аз сулҳ ҳимоят мекунад.

Ироқчӣ пеш аз ин дидор бо Ашраф Ғанӣ, раисҷумҳур ва Идрис Замон, муовини сиёсии вазири умури хориҷии Афғонистон низ гуфтугӯ кард.

Музокираи Эрон бо Толибон дар Теҳрон хабаре буд, ки ахиран тавассути сухангӯи Вазорати умури хориҷӣ таъйид шуд; музокирае, ки бо иттилоъ ва ҳамоҳангии давлати Афғонистон сурат гирифт.

Нигоҳи Эрон ба ҳамсоягон ва кишварҳои минтақа ҳамвора нигоҳи мусбати ҳамроҳ бо ҳамзистии мусолиматомез ва талош барои сулҳу субот ва амнияти пойдор дар минтақа будааст. Дипломатияи Эрон дар ин замина шаффоф аст. Эрон дар Ироқ, Сурия ва ҳатто Яман дар ҷиҳати эҷоди субот, амният ва бозгашти оромиш ба ин кишварҳо талош бисёре кардааст. Дар мавриди Афғонистон низ сиёсати хориҷии Ҷумҳурии Исломии Эрон бар мабнои ҳифзи ҳокимияти миллӣ ва ҳамкорӣ бо давлати Афғонистон аст ва Эрон аз ибтикори давлат барои ҳифзи ваҳдати миллӣ, таъмини субот, сулҳу амният ҳимоят мекунад. Эрон ҳамсояи Афғонистон бо марзҳои тӯлонӣ аст ва кишваре аст, ки ҳудуди се миллион муҳоҷири афғонро пазиро шудааст. Сафари муовини сиёсии вазири умури хориҷии Эрон ба Кобул ва ҳамчунин сафари ахири Алии Шамхонӣ дабири Шӯрои олии амнияти миллии Эрон ба Афғонистон дар ҳамин росто қобили арзёбӣ аст. Фидоҳусейни Моликӣ, сафири асбақи Эрон дар Афғонистон бо истиқбол аз ин музокирот муътақид аст, ки нақши Эрон дар ин замина бояд пурранг бошад, то саҳнаи сиёсии Афғонистон замини бозии кишварҳое, ки ба дунболи манофеи худ ҳастанд, нашавад. Ӯ бо ишора ба иштирокоти марзӣ, фарҳангӣ ва забонии миёни ду миллати Эрону Афғонистон ин музокиротро гоми мусбат дар ҷиҳати эҷоди сулҳу субот дар Афғонистон дониста мегӯяд: "Ҳассосият дар хусуси сулҳу суботи Афғонистон ҳамеша дар дастури кори Ҷумҳурии Исломии Эрон вуҷуд доштааст. Аммо сафари Шамхонӣ ба Кобул ва нигариши ҷадиде, ки ба вуҷуд омада, ба ин қазия шитоб дод, ки ин ҳассосият бештар шавад.... Ин ки ин музокирот бо ҳамоҳангии давлати Афғонистон будааст, нуктаи бисёр мусбат аст. Бояд таваҷҷуҳ кард, ки афғонҳо ба садоқати эрониён беш аз садоқати амрикоиҳо ва арабҳо эътиқод доранд ва ин ҳам нуктаи мусбати дигаре аст ва мо бояд шитоби корро дар ин маврид бештар кунем."

Алии Шамхонӣ, дабири Шӯрои олии амнияти миллии Эрон дар сафари ахири худ ба Афғонистон дар дидори Ашраф Ғанӣ, раисҷумҳури Афғонистон тасреҳ кард, Эрон амнияти Афғонистонро амнияти худ медонад. Ин таъкидҳо нишон медиҳад, равобити Эрону Афғонистон дӯстона ва бар асоси эҳтироми мутақобил аст ва бар ҳамин асос санади ҷомеи ҳамкориҳои роҳбурдии Эрон ва Афғонистон дар камтар аз ду ҳафтаи оянда ниҳоӣ хоҳад шуд. Аммо он гуна ки Сайид Аббоси Ироқчӣ дар Кобул тасреҳ кард, таҳаввулот дар минтақа сареъ ва муҳим аст ва Эрону Афғонистон ниёз доранд, машваратҳои мустамар дошта бошанд, зеро нигарониҳо ва мушкилоте низ дар чорчӯби ин равобит вуҷуд дорад. Ин мавзӯъ бо таваҷҷуҳ ба таҳаввулоте, ки дар минтақа вуҷуд дорад, зарурати талоши мустамари Эрон барои барқарории сулҳу амният дар Афғонистонро дучанд кардааст.