Ироқчӣ: Нигоҳи эрониён ба оянда аст
Январ 06, 2019 21:02 Asia/Dushanbe
Муовини сиёсии вазири хориҷаи Эрон гуфт: Нигоҳи эрониён ба оянда аст, аммо гузаштаро ҳаргиз фаромуш нахоҳанд кард.
Саидаббоси Ироқчӣ, муовини сиёсии вазири хориҷаи Эрон дар Твиттер, бо интишори тасовире аз маҳалли шаҳодати дипломатҳои эронӣ дар консулгарии ҷумҳурии исломии Эрон дар Мазори Шарифи Афғонистон афзуд: “Хуни шуҳадо масъулияте сангин бар души ҳамаи эрониён қарор додааст”.
Ҳаштуми августи 1998 дар консулгарии Эрон дар шаҳри Мазори Шариф, маркази устони Балх дар шимоли Афғонистон, ҳашт нафар аз дипломатҳои эронӣ ва хабарнигори дафтари хабаргузории ҷумҳурии исломӣ дар Афғонистон, пас аз ишғоли ин шаҳр ба дасти Толибон, ба шаҳодат расиданд.
Барчасп