Чобаҳор – дарвозаи бозаргонии минтақаии Эрон, Ҳинд ва Осиёи Марказӣ
Хабаргузории “Индия таймз” ба фурсати гаронбаҳои ҳамкориҳои минтақаӣ миён Ҳинд, Эрон ва Осиёи Марказӣ ишора карда навиштааст, тарҳи бузурги байналмилалии Чобаҳор масири ҳамкории ин минтақа ва Аврупоро мумкин месозад.
“Индия таймз” афзуд, наздикии ҳувиятӣ ва ҷуғрофиёии кишварҳои Ҳинд, Эрон ва Афғонистон фурсати ҳамкориҳои густурда ва ҳамаҷонибаи миёни онҳо ва кишварҳои Осиёи Марказиро фароҳам овардааст. Ин хабаргузорӣ навишт, бандари Чобаҳор дар устони Сиистон ва Балучистон саршор аз манобеи энержӣ ва фурсати гаронбҳое дар иттисоли Ҳинд ба Осиёи Марказӣ хоҳад буд ва ин нахустин бор аст, ки Ҳинд фурсат меёбад, дар як бандари хориҷ аз қаламрави худ то ин андоза мушорикат кунад. Расонаи ҳиндӣ ёдовар шуд, ки таомули миёни Эрону Ҳинд дар бандари Чобаҳор аз соли 2003 оғоз ва дар нимаи дувуми соли 2014 дар натиҷаи имзои тафоҳумномаи байни ду кишвар тавсеа ёфт.
Бандари Чобаҳор дар устони Сиистон ва Балучистон, воқеъ дар соҳили ҷанубии Эрон аз Ҳинд низ ба роҳатӣ қобили дастрас аст ва барои Деҳлии Нав аз ин ҷиҳат, ки Ҳиндро аз бандари Гвадари Покистон бениёз мекунад, бисёр дорои аҳамият хоҳад буд.