Афзоиши содироти колоҳои эронӣ ба Ироқ
https://parstoday.ir/tg/news/iran-i40801-Афзоиши_содироти_колоҳои_эронӣ_ба_Ироқ
Беш аз 11 миллиард доллар коло ва энержӣ дар 9 моҳи гузашта аз Эрон ба Ироқ содир шудааст.
(last modified 2025-10-08T08:30:18+00:00 )
Январ 08, 2019 19:56 Asia/Dushanbe
  • Афзоиши содироти колоҳои эронӣ ба Ироқ

Беш аз 11 миллиард доллар коло ва энержӣ дар 9 моҳи гузашта аз Эрон ба Ироқ содир шудааст.

Ҳасани Доноифар, дабири ситоди тавсеаи равобити иқтисодии Эрон бо Ироқ ва Сурия гуфт: Шашу панҷ даҳуми миллиард доллар коло ва севу ним миллиард доллар энержӣ дар 9 моҳи гузашта аз Эрон ба Ироқ содир шуд.

Ба гуфтаи вай, содироти коло аз Эрон ба Ироқ дар 9 моҳи гузашта, дар муқоиса бо муддати мушобеҳи порсол, бо вуҷуди таҳрим алайҳи Эрон, 40 дарсад афзоиш ёфтааст.