Январ 10, 2019 14:19 Asia/Dushanbe
  • Рӯҳонӣ: Ба мушакҳои дифоӣ ва илмии худ ифтихор мекунем

Раисҷумҳури исломии Эрон гуфт: Мушак абзори дифоии Эрон аст ва миллати Эрон ба он ифтихор мекунад.

Ҳасани Рӯҳонӣ дар ойини дувумин солгарди даргузашти Оятуллоҳ Ҳошимии Рафсанҷонӣ, раиси фақиди маҷмаи ташхиси маслиҳати низоми Эрон гуфт: Дар ҳафтаҳои оянда бо мушакҳои сохти Эрон ду моҳвораи ҷадид ба фазо фиристода хоҳад шуд.

Вай гуфт: Миллати Эрон бо тавофуқи БАРҶОМ (тавофуқи ҳастаӣ) кори бузургеро ба самар расонд ва ин тавофуқ тавонист дар як рӯз шаш қатъномаи Шӯрои амнияти Созмони милал зидди Эронро аз байн бубарад.

Рӯҳонӣ дар идома ба қудрати дифоӣ ва фанноварии имрӯзи Эрон ишора кард ва гуфт: Душман бо ҳамаи тавон барои эъмоли фишори сиёсӣ ва иқтисодӣ алайҳи Эрон ба майдон омадааст, ки мутмаиннан бо ваҳдат, иттиҳод ва сабр метавон роҳи инқилоби исломиро ҳифз кард ва идома бахшид.

Раисҷумҳури Эрон ҳамчунин орзуи Оятуллоҳ Ҳошимии Рафсанҷониро сарбаландии низом ва Эрони бошукӯҳ донист ва бо таъкид бар инки миллат ин ҳадафро дунбол мекунад, изҳор дошт: Номи Ҳошимии Рафсанҷонӣ бо иззати Эрон гиреҳ хурдааст.

Оятуллоҳ Ҳошимии Рафсанҷонӣ 19 дайи 1395 (8 январи 2017) бар асари оризаи қалбӣ дар Теҳрон даргузашт.

 

Барчасп