Январ 10, 2019 21:18 Asia/Dushanbe
  • Намояндаи Эрон дар Вена: Таҳрими Эрон инҳироф дар масъулияти Аврупо аст

Сафир ва намояндаи доими Эрон назди созмонҳои байналмилалӣ дар Вена, таҳримҳои ҷадиди Иттиҳоди Аврупо алайҳ бахшҳое аз як ниҳоди эрониро комилан ғайриқобили қабул ва инҳироф дар масъулияти он донист.

Ба гузориши ИРНА, Козими Ғарибободӣ дар “Твиттер” навишт, дар ҳоле, ки Аврупо биҳишти амне барои мизбонӣ аз гурӯҳаки террористии мунофиқин ва соири террористҳое, ки ҳазорон шаҳрванди ғайринизомии эрониро террор кардаанд, шудааст, Иттиҳоди Аврупо аз Эрон интиқод ва эрониёнро таҳрим мекунад.

Иттиҳоди Аврупо бар асоси иттиҳомоти беасос рӯзи сешанбе бахшҳое аз як ниҳоди эронӣ ва ду тан аз коркунони онро таҳрим кард. Пеш аз ин мақомоти вазорати умури хориҷаи Эрон иддаоҳои матраҳ шуда, алайҳи Ҷумҳурии Исломии Эрон дар хоки Аврупоро рад карда ва онҳоро ношӣ аз талоши сервиси иттилооти режими саҳюнистӣ барои латма ба равобити Теҳрон ва Брюссел баъд аз хурӯҷи Амрико аз БАРҶОМ дониста буданд.

Иттиҳомзании аврупоиҳо дар ҳоле аст, ки шуморе аз кишварҳои ин қора аз ҷумла Фаронса, Дания ва Нидерланд худ мизбони гурӯҳакҳои террористии зиддиэронӣ аз ҷумла гурӯҳаки мунофиқин ҳастанд, ки дасташон ба хуни ҳазорон шаҳрванди эронӣ олуда аст.

 

Барчасп