Январ 13, 2019 18:15 Asia/Dushanbe
  • Равобити стратегии пойдор бо Эрон аз авлавиятҳои Покистон

Вазири хазонадории Покистон аз равобити стратегии пойдор бо Эрон ба унвони авлавият дар сиёсати хориҷии Исломобод ёд кард.  

Асад Умар гуфт: Сиёсатҳои хориҷии Исломобод ва равобит бо кишварҳои ҳамсоя аз ҷумла Эрон метавонад таъсири мустақим бар иқтисоди дохилӣ бигузорад ва Исломобод дар ин замина бо ҳеҷ кишваре музокира нахоҳад кард.

Асад Умар ҳампнин бо ишора ба авзои Афғонистон ва Кашмири таҳти контроли Ҳинд таъкид кард: Исломобод саъй дорад, субот ва амният дар минтақа ҳоким шавад, то заминаҳои рушд ва шукуфоии иқтсодӣ дар минтақа фароҳам шавад.