Суқути ҳавопаймо ва гуштҳои қирғизӣ, ки ба мақсад нарасид
https://parstoday.ir/tg/news/iran-i40960-Суқути_ҳавопаймо_ва_гуштҳои_қирғизӣ_ки_ба_мақсад_нарасид
Пас аз суқути ҳавопаймои ҳомили гушт, ки аз Қирғизистон ба Эрон содир мешуд, мақомҳои беҳдоштии Эрон аз назорати комил бар раванди нобудсозии ин маҳмула хабар медиҳанд.
(last modified 2025-10-08T05:00:18+00:00 )
Январ 14, 2019 14:58 Asia/Dushanbe
  • Суқути ҳавопаймо ва гуштҳои қирғизӣ, ки ба мақсад нарасид

Пас аз суқути ҳавопаймои ҳомили гушт, ки аз Қирғизистон ба Эрон содир мешуд, мақомҳои беҳдоштии Эрон аз назорати комил бар раванди нобудсозии ин маҳмула хабар медиҳанд.

Пас аз суқути ҳавопаймои ҳомили гушт, ки аз Қирғизистон ба Эрон содир мешуд, мақомҳои беҳдоштии Эрон аз назорати комил бар раванди нобудсозии ин маҳмула хабар медиҳанд.

Саидмаҷиди Мусавӣ дар маҳалли ҳодисаи суқути ҳавопаймои Боинг 707 дар посух ба саволе дар бораи сарнавишти маҳмулаи гушти даруни ин ҳавопаймо гуфт: Ҳамоҳангиҳои лозим бо масъулон домпизишкӣ анҷом шуда ва лошаҳои гушт ба сурати беҳдоштӣ ва бо назорати комил, дафн хоҳад шуд.

Вай дар бораи вазни маҳмулаи гушти мавҷуд дар ҳавопаймои суқуткарда низ гуфт: Бар асоси эъломи қаблӣ, ин маҳмула 30 тонна вазн дошта, аммо бояд мадорики лозим аз мабдаи ирсолии ин маҳмула ироа шавад, то вазни дақиқи он мушаххас гардад.

Субҳи душанбе як ҳавопаймои борбарии артиши ҷумҳурии исломии Эрон ба ҳангоми фуруди изтирорӣ дар Фурӯдгоҳи Фатҳи устони Албурзи ғарби Теҳрон аз хати парвоз хориҷ шуд ва пас аз бархурд бо девори интиҳоии хат оташ гирифт, ки дар натиҷа 15 сарнишини ин ҳавопаймо кушта шуданд ва як нафар низ маҷрӯҳ шуд.

Ин ҳавопаймо ҳомили гушти содиротӣ аз Қирғизистон буд ва аз Бишкек ба Теҳрон меомад.