Январ 16, 2019 13:34 Asia/Dushanbe
  • Боздошти муҷрии Пресс ТВ дар Амрико

Полиси Амрико муҷрии зани шабакаи Пресс ТВ - ро бидуни ҳеҷ гуна тарҳи иттиҳом ва дар сафаре барои дидор бо хонаводааш боздошт кард.

Ба гузориши шабакаи телевизионӣ, хонум Марзия Ҳошимӣ, гӯяндаи ин шабака аз рӯзи якшанбе дар шароите бисёр номуносиб дар зиндоне дар Вашингтон ба сар мебарад.

Гуфта мешавад, маъмурони амрикоӣ пас аз боздошти ин зани мусалмон, ҳиҷоби вайро бардошта ва либосе, ки ба вай додаанд, пӯшиши комил надорад.

Марзия Ҳошимӣ дар танҳо тамосе, ки бо хонаводааш доштааст, ҳамчунин гуфтааст, ки зиндонбонон даступойи вайро бо занҷир баста ва ба ӯ ғизои дорои гӯшти хук додаанд, аммо ӯ бо худдорӣ аз хурдани он, аз ҳаддиақали ғизои муносиб маҳрум шудааст.

Пресс ТВ гузориш дод, Марзия Ҳошимӣ, ки асолатан амрикоӣ аст, дар мусофиратҳои зиёдаш ба Амрико ҳамвора аз бадрафтории маъмурон, ба хусус дар фурудгоҳи Амрико шикоят дошт, аммо то кунун ба ин сурат боздошт нашуда буд.

Мақомоти полис ва дастгоҳи қазоии Амрико бо гузашти се рӯз аз боздошти Марзия Ҳошимӣ, ҳеҷ мавриди иттиҳоме алайҳи вай тарҳ накарда ва тавзеҳе дар бораи боздошти ӯ надодаанд.

 

Барчасп