Январ 17, 2019 11:57 Asia/Dushanbe
  • Қосимӣ: Таваққуфи судури раводиди гардишгарӣ барои атбои Полша мавриди тайид нест

Баҳроми Қосимӣ, сухангуи Вазорати хориҷаи ҷумҳурии исломӣ хабари расонаҳои полшаӣ мабнӣ бар таваққуфи судури раводиди гардишгарии Эрон барои атбои Полшаро тайид накард.  

Шабакаи радиоии Zet-и Полша муддаӣ шуда буд, Эрон судури раводиди гардишгарӣ барои шаҳрвандони Полшаиро мутаваққиф кардааст.

Ин иддао дар ҳоле матраҳ шуд, ки ахиран дар паи тасмими Варшава барои баргузории нишасти зиддиэронӣ дар Полша бо ҳамкории Амрико дар феврал, кордори Варшава дар Теҳрон ба Вазорати хориҷаи Эрон эҳзор ва маротиби эътирози ҷумҳурии исломӣ дар хусуси баргузории ин нишаст ба вай иблоғ шуд.  

Майк Помпео, вазири хориҷаи Амрико 11 январ аз барномаи Вашингтон барои баргузории нишасте зиддиэронӣ дар рӯзҳои 13 ва 14 феврал дар Варшава хабар дод.

Ин иқдом дар идомаи талошҳои Амрико дар моҳҳои ахир барои илқои сиёсати эронҳаросӣ аст.  

Вазири хориҷаи ҷумҳурии исломии Эрон дар вокуниш ба ин тасмими Вашингтон дар Твиттер навишт, касоне, ки дар охирин намоиши зиддиэронии Амрико ширкат карданд ё мурдаанд ё беобрӯ шуда ва ё ба ҳошия ронда шудаанд.