Сентябр 14, 2016 18:57 Asia/Dushanbe
  • Баргузории нишасти ҳамкориҳои иқтисодии Эрон ва Русия дар Маскав

Нишасти ҳамкориҳои иқтисодии байни Эрон ва Русия дар Маскав баргузор шуд.

Нишасти якрӯзаи муштараки 93 ширкати эронӣ ва русӣ дар бахшҳои ғизоӣ ва бозаргонӣ, бо ҳадафи мушорикат дар иҷрои нақшаи роҳи тавсеаи равобити иқтисодии ду кишвар рӯзи чаҳоршанбе бо ҳузури масъулони эронӣ ва русӣ дар Маскав (пойтахти Русия) баргузор шуд.

Меҳдии Саноӣ - сафири Эрон дар Русия, ки барои анҷоми чанд барномаи корӣ ба Эрон сафар кардааст, дар паёми худ ба нишасти Маскав, таъкид кард: Тавсиаи равобити иқтисодии ду кишвар дар бахшҳои мухталиф нишон медиҳад, ки раванди густариши ҳамкориҳо шитоби бештаре хоҳад гирифт.

Меҳдии Саноӣ афзуд, арзиши равобити иқтисодии Эрон ва Русия марбут ба шашмоҳаи аввали соли 2016 нисбат ба муддати мушобеҳи соли гузашта 67 дарсад афзоиш ёфтааст.

Алиакбари Меҳрфард – қоиммақоми вазири ҷиҳоди кишоварзии Эрон низ дар ин нишасти иқтисодӣ гуфт, бо таъкидҳои сарони Эрон ва Русия заминаҳои мухталифе барои афзоиши ҳамкориҳо ба вижа дар арсаҳои бозаргонӣ вуҷуд дорад.

Араданян - муовини утоқи бозаргонии Маскав низ дар ин нишасти иқтисодӣ гуфт: Эрон ва Русия ба сурати мутақобил ба тавсиаи ҳамкориҳо дар арсаҳои мухталиф, аз ҷумла иқтисодӣ ва бозаргонӣ алоқа доранд ва заминаҳои он ҳам густардааст.

Вай ҳамчунин бо таъкид бар рӯйкарди ҳимоят аз бозаргонони русӣ ва эронӣ бо ҳадафи густариши равобит, ибрози умедворӣ кард, ки шоҳиди ҳузури ҳар чи бештари колоҳои эронӣ дар бозори Русия бошад.

 

Барчасп