Раҳбари инқилоб: Ҳаракати илмии Эрон ба ҳеҷваҷҳ кунд ё мутаваққиф нашавад
Раҳбари муаззами инқилоби исломӣ бо таъкид бар лузуми талоши ҳамаҷониба ва шабонарӯзӣ барои пешрафти беш аз пеш дар улуми мухталиф гуфтанд: Шитоби ҳаракати илмии Эрон набояд коҳиш ёбад ва ё мутаваққиф шавад.
Ҳазрати Оятуллоҳ Хоманаӣ, раҳбари муаззами инқилоби исломӣ дар дидори вазири улум ва ҷамъе аз пажуҳишгарон, устодони донишгоҳҳо ва масъулони илмии Эрон тасреҳ карданд: Ҳар миллате, ки аз донишҳои ҷадид ва фанновариҳои муртабит бо он ақиб бимонад, сарнавиште ҷуз ақибмондагӣ, залил шудан ва истеъмор аз ҷониби қудратҳо нахоҳад дошт.
Раҳбари муаззами инқилоби исломӣ ҳаракати илмии Эрон дар 20 соли ахирро хуб тавсиф карданд ва гуфтанд: Шитоби ин ҳаракати илмӣ набояд коҳиш ёбад, балки ин шитоб бояд барои бист то си соли оянда ҳифз ва тақвият шавад, то ба нуқтаи авҷ бирасем.
Ҳазрати Оятуллоҳ Хоманаӣ ҳамчунин бо ишора ба намунаҳои таърихӣ дар бархе кишварҳо, ки дар шароити бисёр сахт, санги биноҳои илмии бузургеро поягузорӣ карданд, афзуданд: Шароити имрӯзи мо ба сахтии талотумҳои он кишварҳо нест, бинобарин метавонем пояҳои мустаҳками илмиро бино бигузорем.
Раҳбари муаззами инқилоби исломӣ бо баёни инки барои пешрафти илмӣ аз ҳама тавоноиҳои ғарбиҳо истифода кунед, гуфтанд: Мо аз шогирдӣ кардан нангамон намеояд, балки аз ҳамеша шогирд мондан нангамон меояд.
Ҳазрати Оятуллоҳ Хоманаӣ бо таъкид бар инки ҳамвора бояд ба тавсияи ғарбиҳо бо сӯизан нигариста шавад, таъкид карданд: Кишварҳои ғарбӣ, ки имрӯз бештарин пешрафтҳоро дар заминаи улуми ҷадид доранд, бештарин ҷиноётро низ дар тӯли таърих зидди миллатҳо муртакиб шудаанд.