Январ 25, 2019 21:11 Asia/Dushanbe
  • Ҷоми миллатҳои Осиё - пирӯзии тими футболи Қатар бар Кореяи Ҷанубӣ

Тими миллии футболи Қатар муваффақ шуд ҳарифи қудратманди худ - Кореяи Ҷанубиро мағлуб кунад.

Аз маҷмӯаи рақобатҳои футболи Ҷоми миллатҳои Осиё 2019 асри имрӯз ду тими Қатар ва Кореяи Ҷанубӣ дар Иморот ба дидори якдигар рафтанд, ки ин бозӣ дар поён бо натиҷаи як бар сифр ба суди Қатар хотима ёфт.

Бо ин натиҷа тими Қатар ба марҳалаи ниманиҳоии мусобиқоти Ҷоми миллатҳои Осиё роҳ ёфт ва тими Кореяи Ҷанубӣ аз ин мусобиқот ҳазф шуд.

Тими Қатар дар марҳалаи баъд бо барандаи дидори Австралия ва Имороти Муттаҳидаи Арабӣ ба майдон хоҳад рафт.