Январ 26, 2019 14:35 Asia/Dushanbe
  • Таъкид бар ҳалли монеаҳои иқтисодии Эрон ва Русия

Вазири нерӯи Эрон ва вазири энержии Русия бар ҳалли мушкилот ва мавонеи мавҷуд барои тавсеаи равобити иқтисодии дуҷониба таъкид карданд.

Дар гуфтугӯи телефонии Ризо Ардакониён, вазири нерӯи Эрон ва Александр Новак, вазири энержии Русия, ду тараф муқаррар карданд то понздаҳумин иҷлоси муштараки ҳамкории иқтисодӣ ва тиҷории ду кишвар, 18 июни соли 2019 дар Эрон баргузор шавад.

Ардакониён ва Новак ҳамчунин иҷро шудани тарҳи барқӣ кардани хати оҳани Гармсор (шарқи Теҳрон) ба Инчабурун (шимоли Эрон) ва бунёди чаҳор воҳиди нерӯгоҳи ҳароратӣ дар Бандар – Аббос (ҷануби Эрон) - ро зарурӣ номиданд.

Васли шабакаҳои барқи Эрон, ҷумҳурии Озарбойҷон ва Русия низ мавзӯи дигаре буд, ки дар гуфтугӯи телефонии Ардакониён ва Новак баррасӣ шуд.

Чаҳордаҳумин нишасти Комиссияи муштараки ҳамкории Эрон ва Русия марти соли 2018 дар Маскав баргузор шуд.

 

Барчасп