Ироқчӣ: Сабти канали иртибототи молӣ қадами аввали тааҳҳудоти Аврупо ба Эрон аст
(last modified Thu, 31 Jan 2019 14:43:37 GMT )
Январ 31, 2019 19:43 Asia/Dushanbe
  • Ироқчӣ: Сабти канали иртибототи молӣ қадами аввали тааҳҳудоти Аврупо ба Эрон аст

Муовини сиёсии вазири умури хориҷаи Эрон гуфт, сабти канали иртибототи молӣ қадами аввали тааҳҳудоти Аврупо ба Эрон аст, ки умедворем ба сурати комил эҷод шавад.

Сайидаббоси Ироқчӣ, муовини сиёсии вазири умури хориҷаи Эрон имрӯз (панҷшанбе) дар гуфтугӯи телефонӣ аз Софияи Булғория бо хабари Садо ва симо, афзуд, дар ин созу кори молӣ, содирот ва воридоти Эрон аз тариқи табодулоти дутараф, анҷом мешавад.

Ироқчӣ гуфт, қарор аст, созу кори мушобеҳе ҳам дар Эрон ташкил шавад, то битавон табодулоти риёлиро барои тарафҳои эронӣ анҷом дод.

Вай таъкид кард, ин созу кори молӣ, ҳангоме барои Эрон манфиати комил дорад, ки барои кишварҳо ва ё ширкатҳои ғайри аврупоӣ низ дар дастрас бошад.

Канали молии аврупоиҳо ба бонкҳо ин имконро медиҳад, ки бо вуҷуди таҳримҳои Амрико бо Эрон ҳамкорӣ дошта бошанд.

Ин канали молӣ, дар марҳалаи нахуст ғизо, дору ва таҷҳизоти пизишкиро дар бар мегирад ва метавонад доманаи фаъолияти он густариш ёбад.

Пас аз иқдоми Доналд Трамп, раисиҷумҳури Амрико дар 8 май, дар хурӯҷи якҷониба аз БАРҶОМ ва бозгашти таҳримҳои ҳастаӣ, Эрон ва Аврупо гуфтугӯҳоеро ба манзури ҳифзи БАРҶОМ оғоз карданд. Аврупо мутааҳҳид шуда буд, бастае ҳимоятӣ дар чорчӯби БАРҶОМ ва барои муқобила бо таҳримҳои Амрико алайҳи Эрон ироа кунад.