Феврал 02, 2019 11:55 Asia/Dushanbe
  • Ҳамлаи террористҳо ба ҷануби шарқи Эрон

Равобити умумии қароргоҳи Қудси нерӯи заминии Сипоҳи посдорони инқилоби исломӣ аз ҳамлаи террористӣ ба ноҳияи муқовимати басиҷи шаҳристони Некшаҳр, дар устони Систон ва Балучистон, ҷануби шарқи Эрон хабар дод.

Ба гузориши ИРНА, равобити умумии қароргоҳи Қудси нерӯи заминии Сипоҳи посдорони инқилоби исломӣ дар иттилоияе эълом кард, субҳи имрӯз (шанбе) авомили гурӯҳаки террористӣ ба ноҳияи муқовимати басиҷи шаҳристони Некшаҳр ҳамла карданд, ки бар асари ин ҳамла як нафар шаҳид шуд ва панҷ нафар маҷрӯҳ шуданд.

Ба гуфтаи Муҳсини Гулмуҳаммадӣ, додситони шаҳристони Некшҳр, гурӯҳаки террористии Ҷайшуззулм бо судури баёнияе масъулияти ин ҳамларо бар ӯҳда гирифт.

Гурӯҳаки террористии Ҷайшуззулм бо тафаккуроти салафӣ ва ваҳҳобӣ аз ҷумлаи ҳомиёни гурӯҳҳои террористӣ ва такфирӣ аст.

Ин гурӯҳаки террористӣ то кунун масъулияти чанд қатлу террор дар устони Систон ва Балучистон, азҷумла шаҳодати 9 нафар аз марзбонони эронӣ дар минтақаи Мирҷова, дар 26 апрели соли 2017 - ро бар ӯҳда гирифтааст.

Гурӯҳаки террористии Ҷайшуззулм ҳамчунин дар ба шаҳодат расонидани ҳашт марзбони эронӣ дар марзҳои шарқӣ ва ба оташ кашидани пайкари беҷони онон нақш доштааст.

 

Барчасп