Феврал 02, 2019 12:55 Asia/Dushanbe
  • Эрон ҷузви панҷ кишвари аввали ҷаҳон дар заминаи санъати дифоӣ

Мушовири вазири дифоъ ва пуштибонии Нерӯҳои мусаллаҳи Эрон дар умури санъатӣ гуфт, Ҷумҳурии Исломии Эрон дар заминаи санъати дифоӣ дар ҷамъи панҷ кишвари аввали ҷаҳон қарор дорад.

Сардор сартипи посдор Муҳаммад Азизии Дилшод, мушовири вазири дифои Эрон дар умури санъатӣ шомгоҳи ҷумъа дар гуфтугӯ бо шабакаи аввали телевизиони Эрон афзуд, ҷумҳурии исломӣ дар заминаи сохти ПАҲПОД (ҳавопаймои бидуни сарнишин) бо баҳрагирӣ аз патенсиали бумӣ, ҷойгоҳи севуми ҷаҳонро ба худ ихтисос додааст.

Сартип Азизии Дилшод бо баёни ин ки Нерӯҳои мусаллаҳи Эрон дар заминаи сахтафзорӣ ва нармафзории санъати дифоӣ тавоноии фавқуллодае доранд, изҳор дошт, дар саноеи дифоии Эрон танаввуи хосе дар мушакҳои гуногуне ҳамчун круз, ҳаво ба ҳаво, замин ба ҳаво ва дарё ба ҳаво вуҷуд дорад.

Ҳазрати оятуллоҳ Хоманаӣ, Раҳбари муаззами инқилоби исломӣ 31 августи 2016 дар ҷамъи вазир, масъулон, муҳаққиқон ва мутахассисони Вазорати дифоъ, афзоиши тавони дифоӣ ва таҳоҷумиро ҳаққи мусаллами Ҷумҳурии Исломии Эрон донистанд.

Раҳбари муаззами инқилоби исломӣ таъкид карданд, дар ҷаҳоне, ки қудратҳои зӯргӯ, султагар ва дорои камтарин ҷавҳараи ахлоқ, виҷдон ва инсоният ҳоким ҳастанд ва аз таҷовуз ба кишварҳо ва куштори инсонҳои бегуноҳ ҳеҷ ибое надоранд, тавсеаи саноеи дифоӣ ва таҳоҷумӣ комилан табиӣ аст, зеро ин қудратҳо то иқтидори Эронро эҳсос накунанд, амният таъмин нахоҳад шуд.

 

Барчасп