Феврал 06, 2019 17:21 Asia/Dushanbe
  • Баргузории роҳпаймоии 22 баҳман дар беш аз ҳазор шаҳри Эрон

Раиси ситоди марказии бузургдошти чиҳилумин солгарди пирӯзии инқилоби исломӣ гуфт: Роҳпаймоии 22 баҳмани имсол рӯзи душанбе дар беш аз ҳазор шаҳр ва 10 ҳазор русто дар Эрони исломӣ ба сурати ҳамзамон баргузор мешавад.

Нусратуллоҳи Лутфӣ, раиси ситоди марказии бузургдошти чиҳилумин солгарди пирӯзии инқилоби исломӣ афзуд: Мардуми Эрони исломӣ бо ҳадафи байъат бо инқилоби исломӣ, ормонҳои имом Хумайнӣ (р) ва раҳбари муаззами инқилоби исломӣ дар 22 баҳман (11 феврал ) роҳпаймоӣ хоҳанд кард.

Вай бо ишора ба ҷанги иқтисодии душманон бо Эрон тасреҳ кард: Мардуми Эрон бо ҳузур дар роҳпаймоии 22 баҳман, тавтеаҳои душманонро хунсо хоҳанд кард.

 

Барчасп