Феврал 01, 2023 14:24 Asia/Dushanbe
  • Навохта шудани занги Инқилоб дар мадориси Эрони исломӣ
    Навохта шудани занги Инқилоб дар мадориси Эрони исломӣ

Занги Инқилоб дар давоздаҳуми баҳман моҳ, солрӯзи вурӯди таърихии ҳазрати Имом Хумайнӣ (раҳ) ба Эрони исломӣ дар мадориси саросари кишвар навохта шуд.

Имрӯз (чаҳоршанбе) 12-уми баҳман 1401 ҳиҷри шамсӣ баробари якуми феврали соли 2023, оғози Даҳаи мубораки Фаҷри инқилоби исломӣ аст.

44 сол пеш дар чунин рӯзи давоздаҳуми баҳмани  соли 1357 ҳиҷри шамсӣ (11 феврали соли 1979) ҳазрати Имом Хумайни (раҳ) бунёнгузори кабири Ҷумҳӯрии исломи Эрон, пас аз понздаҳ соли дурӣ ва табъид аз Ватан, дар миёни истиқболи пуршӯри мардум, қадам ба хоки Эрони исломӣ гузоштанд.

Пас аз гузаштаи даҳ рӯз аз вурӯди ишон ба Эрон дар рӯзи 22 баҳмани соли 1357 (11 феврали 1979) Инқилоби  шукӯҳманди исломии Эрон ба пирузӣ расид. 

Ба ҳамин далел, аз рӯзи давоздаҳуми баҳман, яъне рӯзи вурӯди Имом Хумайнӣ (раҳ) ба Эрон то бисту дуввуми баҳман, ки рӯзи пирӯзии  Инқилоби исломӣ аст, "Даҳаи Фаҷр" номгузори шудааст ва ҳар сол, ҷашнҳо  ва маросимҳои вижаи пирӯзии  Инқилоби исломӣ дар  ин айём баргузор мешавад.

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон, ҳама сола маросими занги Инқилоб рӯзи давоздаҳуми баҳман ба муносибати оғози Даҳаи Фаҷр дар мадориси саросари кишвар навохта мешавад.

Барчасп