Оғози роҳпаймоии солгарди пирӯзии Инқилоби исломӣ дар саросари Эрон ; то соъати дигар
Роҳпаймои явмуллоҳи 22 баҳман ( 11 феврал )-солгарди пирӯзии Инқилоби исломӣ то соъати дигар дар саросари Эрон оғоз мешавад .
Имрӯз ( шанбе ) 22 баҳмани 1401 мусодиф бо 11 феврали 2023, чиҳилу чаҳорумин солгарди пирӯзии Инқилоби исломии Эрон аст.
Маросими роҳпаймоии 22 баҳман дар 38 ҳазор рӯсто ва 1400 шаҳри Эрон аз соъати 9 субҳ ( ба вақти Теҳрон ) оғоз хоҳад шуд ва 6 ҳазор нафар аз авомили расонаҳои эронӣ ва хориҷӣ ин роҳпаймоиро пӯшиш хоҳанд дод.
Иҷрои сурӯд тавассути гуруҳҳои 1357 нафараи донишомӯзӣ дар тамоми марокизи устонҳои Эрон аз ҷумлаи барномаҳои роҳпаймоии 22 баҳмани имсол аст .
Бузургтарин ҳамхонии сурӯди миллии Эрон низ имрӯзи соъати 11-у 22 дақиқа ( ба вақти Теҳрон ) дар саросари кишвар иҷро мешавад .
Фаъолияти 150 ғурфа бо мавзӯи ҷиҳоди табйин ва 31 ғурфаи муаррифии ақвоми Эронӣ аз навовариҳои маросими роҳпаймоии имсол аст .
Суханрони маросими роҳпаймоии Теҳрон Саидиброҳими Раисӣ-раиси Ҷумҳурии исломии Эрон хоҳад буд.
Парвози бодкунакҳо ва коғазҳои рангӣ аз бурҷи Озодӣ, суқӯти чатрбозони неруҳои мусаллаҳ, иҷрои сурӯд тавассути разминавозони дижбони артиш, қироъати қатъномаи саросарӣ ва гулборони мардум тавассути чархболҳои артиши Эрон аз ҷумлаи барномаҳои роҳпаймои 22 баҳман дар майдони Озодии Теҳрон хоҳад буд.