Феврал 07, 2019 21:02 Asia/Dushanbe
  • Афзоиши вуруди гардишгарони хориҷӣ ба Эрон

Раиси Созмони мероси фарҳангӣ, саноати дастӣ ва гардишгарии Эрон, аз афзоиши вуруди гардишгарони хориҷӣ ба Эрон хабар дод.

Ба гузориши ИРНА, Алиасғари Мунисон, раиси Созмони мероси фарҳангӣ, саноати дастӣ ва гардишгарӣ рӯзи панҷшанбе афзуд, теъдоди кулли гардишгарони вурудӣ ба Эрон дар соли гузаштаи шамсӣ, ҳудуди 5 миллиону 100 ҳазор нафар буд, ки ин рақам дар 9 моҳи нахусти имсол ( 1397 шамсӣ ) ба беш аз шашмиллион нафар афзоиш ёфтааст.

Алиасғари Мӯнисон дар бораи содироти саноати дастии Эрон ҳам гуфт, соли гузашта 520 миллион доллари саноати дастии Эрон содир шудааст, ки бо барномарезии ин мизон ба ду миллиард доллар дар соли афзоиш меёбад.

Барчасп