Феврал 09, 2019 16:38 Asia/Dushanbe
  • Содироти ҳудуди 9 миллиарддолларии Эрон ба Ироқ

Дабири кулли Утоқи муштараки бозаргонии Эрон ва Ироқ гуфт, содироти Эрон ба Ироқ дар соли 2018 ба ҳудуди 9 миллиард доллар расид.

Сайидҳамиди Ҳусайнӣ рӯзи шанбе дар гуфтугӯ бо хабаргузории Форс, бо баёни инки мутавассити содироти Эрон ба Ироқ дар соли ҷории (1397ҳиҷрии шамсӣ) моҳона ҳудуди 750 миллион доллар будааст, тасреҳ кард, Эрон дар соли 2018 бо содироти 8 миллиарду 750 миллион доллар коло ба Ироқ аз Туркия, пешӣ гирифт ва тавонист ҷои Туркияро дар бозори Ироқ бигирад.

Пештар низ Ҳамиди Зодбум, муовини тавсеаи бозорҳои содиротии Созмони тавсеаи тиҷорати Эрон аз афзоиши 67 дарсадии содироти Эрон ба Ироқ хабар дода буд.

Ироқ яке аз шарикони муҳимми иқтисодии Эрон дар Ховари Миёна ва Осиё аст.

Бо вуҷуди таҳримҳои якҷонибаи Амрико зидди Эрон, содироти фаровардаҳои нафтӣ ва ғайри нафтии Эрон ҳамчунон идома дорад.

Барчасп