Тавофуқномаи эҷоди минтақаи озоди тиҷорӣ байни Иттиҳоди иқтисодии Авруосиё ва Эрон
(last modified Sat, 09 Feb 2019 14:42:51 GMT )
Феврал 09, 2019 19:42 Asia/Dushanbe
  • Тавофуқномаи эҷоди минтақаи озоди тиҷорӣ байни Иттиҳоди иқтисодии Авруосиё ва Эрон

Сафири Ҷумҳурии Исломии Эрон дар Маскав аз тасвиби тавофуқномаи эҷоди минтақаи озоди тиҷорӣ байни Иттиҳоди иқтисодии Авруосиё ва Эрон дар ояндаи наздик хабар дод.

Ба гузориши хабаргузории Тасним, Маҳди Саноӣ, сафири Ҷумҳурии Исломии Эрон дар Русия ҷумъашаб дар гуфтугӯ бо шабакаи телевизионии «Россия-24» гуфт, иртиқои равобити тиҷорӣ бо Русия ва дигар кишварҳои узви Иттиҳоди иқтисодии АвруОсиё барои Эрон бисёр бо аҳаммият аст.

Сафири Эрон афзуд, ин санад пас аз тасвиби Маҷлиси Шӯрои Исломии Эрон, бозори бузургеро барои дутараф фароҳам хоҳад кард, ки ба нафъи ҳама хоҳад буд.

Иттиҳоди иқтисодии Авросиё (Eurasian Economic Union) шомили чанд кишвари осиёӣ ва аврупоӣ аст, ки аз октябри 2000 бо узвияти Беларус, Қазоқистон, Қирғизистон, Русия, Тоҷикистон ва Узбакистон оғоз ба кор кард. Аз бартариҳои пайвастан ба ин мувофиқатнома тахфифи таърифаӣ барои содиркунандагон ба Иттиҳоди иқтисодии Авруосё аст. Маҷмӯи масоҳати кишварҳои узви ин иттиҳодия беш аз 20 миллион километри мураббаъ ва ҷамъияти он беш аз 180 миллион нафар аст.