Феврал 13, 2019 09:52 Asia/Dushanbe
  • Бозтоби роҳпаймоии 22 баҳмани 1397 дар расонаҳои хориҷӣ + клип

Ҳузури бошукуҳ ва маънодори миллати бузурги Эрон дар роҳпаймоии 22 баҳмани 1397 (11 феврали 2019) ҷилваҳои беназиреро халқ кард, зеро ҳам ҷашни чиҳилсолагии инқилоби исломӣ ба шоистагӣ баргузор шуд ва ҳам талоши густурдаи мақомҳои амрикоӣ ва саҳюнистӣ барои ноумед кардани миллати Эрон ба яъс табдил шуд.

Мушорикати миллионҳо эронӣ дар сар то сари Эрон дар 22 баҳман аз чашмони расонаҳои хориҷӣ пинҳон намонд ва ҳузури густурдаи мардум ва паёми ин ҳузур ба сурати вижае дар гузоришҳои хабарӣ дар расонаҳои ҷаҳон бозтоб ёфт.

Хабаргузории Рейтер мушорикати мардуми Эронро дар роҳпаймоии 22 баҳман густурда арзёбӣ кард ва дар инъикоси суханрони раисҷумҳурӣ, ба нақл аз вай гуфт, ки Эрон мусаммам аст, ки қудрати низомӣ ва барномаи мушакии баллистики худро афзоиш диҳад.

Хабаргузории Фаронса гузориш дод, ки бо вуҷуди бориши борон иҷтимои “ҳазорон нафарӣ” дар маркази Теҳрон мушоҳида мешуд ва инқилоби исломӣ чиҳил соли пешро зилзилае сиёсӣ хонд, ки ба ҳазорон сол салтанат поён дод ва пажвоки он ҳанӯз дар минтақа танинандоз аст.

 

Хабарнигори шабакаи телевизионии Си Эн Эн –и Амрико, ки аз майдони Озодии Теҳрон ва ҳузури миллионии мардуми Теҳрон гузориш медод, гуфт, мардуми Эрон аз мушкилоти бавуҷудомада ҳамчун душвории иқтисодӣ, ки бо хуруҷи давлати Амрико аз тавофуқи ҳастаӣ барои онон рақам хӯрд, огоҳ ҳастанду аз давлати Амрико, бавижа аз Трамп хашмгин ҳастанд.

Шабакаи хабарии Рой Нюс 24 –и Италия низ гузориш дод, мардуми Эрон рӯзи душанбе зери бориши борон, дар лаҳзае душвор барои Эрон, ки бо таҳримҳои ҷадиди Амрико дучори афзоиши қиматҳо ва таваррум шудаанд, дар ин маросим мушорикат доштанд.

Хабаргузории Синхуаи Чин низ гузориш дод, мардуми Эрон дар роҳпаймоии бузурги худ дар шаҳрҳо ва устонҳои мухталифи кишвар, шиорҳое алайҳи давлати Доналд Трамп, раисҷумҳури Амрико ва таҳримҳои он кишвар алайҳи миллати Эрон сар доданд.

Барои пӯшиши маросими роҳпаймоии имсол, аз 6 ҳазору 500 хабарнигори дохиливу хориҷии ҳозир дар маросим, 300 тан аз расонаҳои байналмилалӣ буданд то барои мухотабони худ дар саросари ҷаҳон аз такрори тӯфони ҳаракати миллати Эрон гузориш кунанд.

 

Барчасп