Феврал 20, 2019 18:43 Asia/Dushanbe
  • Мушорикати Эрон дар бозсозии Ироқ

Сафири Эрон дар Бағдод аз оғози мушорикати ҷумҳурии исломӣ дар бозсозии Ироқ хабар дод.

Эраҷи Масҷидӣ, сафири Эрон дар Бағдод дар ҷамъи раис ва аъзои Шӯрои шаҳри Балад дар устони Салоҳиддини Ироқ афзуд: Эрон ҳамонтавр, ки дар замони ҷанг бо ДИИШ дар канори миллат ва давлати Ироқ буд, дар бозсозии шаҳрҳои ин кишвар низ мусаммам аст.  

Масҷидӣ бо таъкид бар инки ҳеҷ омиле наметавонад ду миллати Эрон ва Ироқро аз якдигар ҷудо кунад, гуфт: Ширкатҳои эронӣ мушорикат дар бозсозӣ ва тақвияти зерсохтҳои Ироқро оғоз кардаанд ва ин раванд ба таври ҷиддӣ идома хоҳад ёфт.

 

Барчасп