Феврал 23, 2019 16:12 Asia/Dushanbe
  • Содироти таҷҳизоти пизишкии Эрон ба 40 кишвари ҷаҳон

Дабири Иттиҳоди содиркунандагони таҷҳизоти пизишкии Эрон аз содироти таҷҳизоти пизишкии Эрон ба 40 кишвари ҷаҳон хабар дод.

Муҳаммадризо Кампони, дабири Иттиҳоди содиркунандагони таҷҳизоти пизишкии Эрон рӯзи шанбе дар остонаи баргузории намоишгоҳи “Эрон ҳилс” афзуд, соли гузашта (1396 шамсӣ) 24 миллион доллар, муодили 680 тон таҷҳизоти пизишкӣ аз гумруки Эрон содир шуд.

Дабири Иттиҳоди содиркунандагони таҷҳизоти пизишкии Эрон изҳор дошт, кишварҳои Аврупои Ғарбӣ, Олмон ва Италия азҷумлаи кишварҳои мақсади таҷҳизоти пизишкии Эрон ҳастанд.

Кампони афзуд, теъдоде аз кишварҳои ҳадаф маҳсулоти таҷҳизоти пизишкии Эронро бо нишони сохти Эрон дархост кардаанд ва бархе дархости роҳандозии хати тавлиди маҳсулоти эронӣ дар кишварашонро доранд. Барои теъдоде аз кишварҳо низ коло тибқи супориш тавлид ва маҳсул бо нишони мутафовите арза мешавад.

Ҷумҳурии Исломии Эрон яке аз кишварҳои пешрав дар заминаи пизишкӣ ва тавлиди дору аст.

 

 

 

 

 

Барчасп