Феврал 25, 2019 11:41 Asia/Dushanbe
  • Ҳисоркашӣ байни марзи Эрону Покистон

Покистон 950 километр аз марзи худ бо Эронро ҳисоркашӣ мекунад.

Ба гузориши ИРНА, бо тасмими давлати Покистон 950 километр аз марзи муштараки ин кишвар бо Эрон, байн ду устон, Балучистони Покистон ва Сиистон ва Балучистони Эрон ҳисоркашӣ хоҳад шуд.

Умрон Хон, нахуствазири Покистон ба манзури коҳиши танишҳои марзии миёни ду кишвар барномаи ҳисоркашии миёни марзҳои муштаракро ироа кардааст.

Ба дунболи ҳамлаи террористии ахир дар устони Сиистон ва Балучистон Теҳрон аз Исломобод хост, тақвияти амният ва назорати бештар бар марзҳоро афзоиш диҳад. Дар ҳамлаи террористии 13-уми феврал дар ҷодаи Хош - Зоҳидон 27 нафар аз марзбонони Сипоҳи посдорони Инқилоби Исломӣ ба шаҳодат расиданд ва 13 нафари дигар низ захмӣ шуданд. Вазири умури хориҷии Покистон бо маҳкум кардани ин ҳамла эълом кард, ин кишвар дар хусуси ҳамлаи террористии ахир дар устони Сиистон ва Балучистон омодаи ҳар гуна ҳамкорӣ бо Ҷумҳурии Исломии Эрон аст.