Сууди тими баскетболи Эрон ба Ҷоми ҷаҳонии 2019 Пекин
https://parstoday.ir/tg/news/iran-i41997-Сууди_тими_баскетболи_Эрон_ба_Ҷоми_ҷаҳонии_2019_Пекин
Тими миллии баскетболи Эрон 24 феврал, бо касби пирӯзӣ дар дувумин бозии худ аз мусобиқоти гурӯҳи шашуми интихобии Ҷоми ҷаҳонии 2019 Чин муқобили тими Австралия, ба унвони тими севум аз гурӯҳи F роҳии Ҷоми ҷаҳонӣ шуд.
(last modified 2025-01-16T07:54:01+00:00 )
Феврал 25, 2019 17:15 Asia/Dushanbe
  • Сууди тими баскетболи Эрон ба Ҷоми ҷаҳонии 2019 Пекин

Тими миллии баскетболи Эрон 24 феврал, бо касби пирӯзӣ дар дувумин бозии худ аз мусобиқоти гурӯҳи шашуми интихобии Ҷоми ҷаҳонии 2019 Чин муқобили тими Австралия, ба унвони тими севум аз гурӯҳи F роҳии Ҷоми ҷаҳонӣ шуд.

Эрон муқобили Австралия бо бартари 85 бар 74, ҷашни сууд ба Ҷоми ҷаҳонӣ дар Теҳронро барпо кард.  

Эрон ба унвони тими севуми гурӯҳ баъд аз Австралия ва Ҷопон ба Ҷоми ҷаҳонии 2019 Чин расид, то сентябри ҳамин сол бо қудратҳои бартари ҷаҳон рӯ ба рӯ шавад.

Дар ҷадвали гурӯҳи F Австралия бо 22 имтиёз садрнишин шуд, Ҷопон бо 20 имтиёз ва Эрон ҳам бо 20 имтиёз ба унвони тими севум сууд кард.