Феврал 26, 2019 13:43 Asia/Dushanbe
  • Эҷоди утоқи андешаварзӣ: Ҳалкунандаи мушкилоти муҳоҷирон

Мудири кулли Идораи умур атбоъ ва муҳоҷирини хориҷии устони Хуросони Разавӣ дар нишасте бо фаъолони фарҳангии муҳоҷирини Афғонистон, ба лузуми эҷоди як утоқи ҳамфикрӣ барои расидагӣ ба мушкилоти муҳоҷирини Афғонистони таъкид кард.

Ба гузориши хабаргузории Тасним, Саидалӣ Қосимӣ гуфт, фаъолитҳои муҳоҷирини афғонистонӣ дар Эрон метавонад, бахше аз ояндаи Афғонистонро бисозад ва дар ростои мубориза бо Ғарб, задагӣ ва нигаҳдорӣ аз арзишҳои исломӣ ва фарҳангии муштараки ду кишвар асаргузор воқеъ шавад.

Қосимӣ тасреҳ кард, чаповул ва аз ҳамгусастагии фарҳангӣ ва дур кардани мусулмонон аз якдигар ҳадафи бархе кишварҳо аз ҷумла Амрико аст, ки акнун дар ҷаҳони Ислом аз ҷумла Афғонистон шоҳиди ин қазия ҳастем.

Вай афзуд, ниёз аст, ки Афғонистон ва Эрон ба таърих ва решаҳои фарҳангии муштараке, ки доранд таваҷҷуҳ дошта бошанд, зеро ду кишвар бо ҳам робитаи таърихӣ ва муштаракоти бисёре доранд.

Қосимӣ хотирнишон кард, ки дар паёмҳои ҳазрати имом Хумайнӣ (раҳ.) ва мақоми муаззами раҳбарӣ низ як нуктаи муштарак вуҷуд дорад ва он ин аст, ки мусулмонон боҳам бояд инсиҷом ва бародарӣ дошта бошанд.

Қосимӣ бо ишора ба дастури мақоми муаззами раҳбарӣ дар мавриди таҳсили донишомӯзони афғонистонии фоқиди мадорик низ гуфт, ки дар ҳоли ҳозир наздик ба 450 ҳазор донишомӯзи афғонистонӣ дар ҳоли таҳсил ҳастанд.

Вай ҳамчунин идома дод, бо ҳамкории созмонҳои хайрияи муҳоҷирин, Созмони милал ва идораи атбоъ наздик ба 11 ҳазор нафар аз муҳоҷирини афғон таҳти пӯшиши ройгони бима(суғурта) қарор гирифтаанд.