Афзоиши содироти фулоди Эрон
https://parstoday.ir/tg/news/iran-i42053-Афзоиши_содироти_фулоди_Эрон
Арзиши содироти чудан, оҳан ва фулоди Эрон дар 10 моҳи гузашта ва дар муқоиса бо давраи мушобеҳи порсол (1396 шамсӣ) бисту ҳафт дарсад афзоиш дошт.
(last modified 2025-01-16T07:54:01+00:00 )
Феврал 27, 2019 18:52 Asia/Dushanbe
  • Афзоиши содироти фулоди Эрон

Арзиши содироти чудан, оҳан ва фулоди Эрон дар 10 моҳи гузашта ва дар муқоиса бо давраи мушобеҳи порсол (1396 шамсӣ) бисту ҳафт дарсад афзоиш дошт.

Тавлиди фулоди Эрон имсол 18 миллиону 700 ҳазор тонна эълом шудааст, ки дар муқоиса бо муддати мушобеҳи порсол 16 дарсад рушд дошт.  

Соли гузашта маҷмуи содироти занҷираи фулоди Эрон 9 миллиону 480 ҳазор тонна буд, ки рушди 39 дарсадӣ нисбат ба соли 1395 дошт.