Феврал 28, 2019 14:21 Asia/Dushanbe
  • Ҳафт медал барои намояндагони Эрон дар мусобиқоти дави майдонии маъюбон дар Иморот

Миллипушони маъюби Эрон муваффақ ба касби 4 тило, 2 нуқра ва як биринҷӣ дар Мусобиқоти байналмилалии ҷоизаи бузурги дави майдонии маъюбони Иморот шуданд.  

Дар ин рақобатҳо Меҳрони Накуии Маҷд ба нишони тило даст ёфт. Ҳомиди Амирӣ низ дар партоби найза ва дар класи F54 бо касби 3 нишони тило унвони беҳтарин варзишкори мусобиқотро ба даст овард.

Саидмуҳсини Ҳусайнипаноҳ аз Эрон низ дар партоби вазна, класи F35 дар макони нахуст истод. Фоиза Дебоӣ дар партоби диск, класи F56 муваффақ ба касби медали нуқра шуд.

Алиризо Мухторӣ дар партоб вазна ва дар класи F54 дар макони севум истод ва ба медали биринҷӣ даст ёфт.

 

Барчасп