Феврал 28, 2019 19:25 Asia/Dushanbe
  • Рӯнамоӣ аз китоби таърихи адабиёти форсӣ дар Русия

Китоби таърихи адабиёти форсӣ (9-18) ба забони  русӣ, дар ростои тавсеаи таомули фарҳангии Эрон ва Русия, дар Маскав муаррифӣ ва рӯнамоӣ шуд.

Ба гузориши ИРНА, ин китоб нахустин ҷилд аз маҷмӯаи таърихи адабиёти форсӣ ва асари муштараки Марина Райснер ва Анна Ардашенкова ду Эроншиноси рус аст, ки бо ҳимояти Бунёди мутолиоти исломии Ибни Сино мунташир шудааст.

Ройзани фарҳангии сафорати Ҷумҳурии Исломии Эрон дар Маскав, «Мир Бизнес Банк»-и Маскав ва Иттиҳодияи фарҳангӣ адабии Хайём низ аз ин проект ҳимоят карданд, то дар ниҳоят тавассути интишороти Садро ба чоп расид.

Дар ибтидои маросим Андрей Лукашев, муовини пажӯҳишии Бунёди Ибни Сино зимни муаррифии бахшҳое аз ин китоб, мухтасаре аз фаъолиятҳои илмии Марина Райснер (муаллифи китоб) ироа кард.

Марина Райснер, нависандаи ин асар ҳам ба ангеза ва аҳаммияти нигориши китоби таърихи адабиёти Эрон пардохт ва гуфт, ки дар ин китоб талош шуда ба нақши забон ва адабиёти форсӣ дар пешрафти адабиёти ҷаҳонӣ, пардохта шавад ва аз ҷанбаҳои мухталиф мавриди баррасӣ қарор гирад.

Дар маросими рӯнамоӣ аз ин асар, сенатор Игор Морозов, муовини Кумитаи улум, омӯзиш, парвариш ва фарҳанги Русия, Александр Садовников, сафири пешини Русия дар Эрон ва мушовири вазири умури хориҷаи Русия, Дмитрий Есенкин, раиси Маҷмӯаи фарҳангии Библоглобус, раиси Мир бизнес бонки Маскав (шӯъбаи Бонки миллии Эрон дар Русия) ва ҷамъе аз асотид, донишҷӯён ва алоқамандони забон ва адабиёти форсӣ ҳузур доштанд.

 

Барчасп