Сардор Сулаймонӣ: Шикасти душман муқобили Эрон ҳатмӣ аст
Фармондеҳи неруи Қудси Сипоҳи посдорони инқилоби исломӣ шикасти душман дар муқобили Ҷумҳурии Исломии Эронро ҳатмӣ донист.
Сардори сарлашкар Қосими Сулаймонӣ фармондеҳи неруии Қудси Сипоҳи посдорони инқилоби исломӣ дар Кирмон, ҷануби Эрон, бо ишора ба ин ки раиси ҷумҳурии Амрико ҳама ҷо миллатҳоро таҳқир мекунад, тасреҳ кард: Рӯҳияи истикборӣ ҷузъи зоти душман буда ва нодида ангоштани миллатҳо ва манофеи кишварҳо аз далоили шикасти душман аст.
Фармондеҳи неруи Қудси Сипоҳи посдорон, сармоягузорӣ бар ҳукуматҳои номшруъро далеле дигар барои шикасти душман донист ва афзуд: Имрӯз хеле аз низомҳои минтақа номшруъ ҳастанд, аммо ҳамин ҳукуматҳои истикборӣ дам аз ҳуқуқи башар мезананд.
Сарлашкар Сулаймонӣ тасреҳ кард: Агар садде монанди ҷараёнҳои исломӣ набуд, режими саҳюнистӣ аз ҳеҷ кӯшише барои душманӣ бо Эрон диранг намекард, аммо имрӯз тавони таҳаммули душман дар ҷанги зидди Лубнон ҳатто ба ду рӯз ҳам нарасид.
Фармондеҳи неруи Қудси Сипоҳи посдорон, ба таҳқири Арабистон аз сӯи Доналд Трамп раиси ҷумҳурии Амрико ишора кард ва гуфт: Арабистон ба далели нопойдории худ ба Амрико муттасил шуда ва вобаста аст, аммо бояд бидонад Амрико вақте манофеашро дар хатар дид, онҳоро нобуд мекунад.
Сарлашкар Сулаймонӣ ҳамчунин дар бораи шикасти ДИИШ ва берун рондани амрикоиҳо аз Ироқ гуфт: Ин қудрати ислом аст, ки миллатҳои мусулмон муттаҳид мешаванд ва бар душман ҳуҷум мебаранд.