Март 01, 2019 18:58 Asia/Dushanbe
  • Афв ва озодии 66 ҳазор зиндонӣ дар саросари Эрон

Раиси Созмони зиндонҳо ва иқдомоти таъминӣ ва тарбиятии Эрон гуфт, бар асоси охирин омор 66 ҳазор зиндонӣ шомили афви мақоми муаззами Раҳбарӣ шуданд, ки 64 ҳазор нафар мард ва ҳудуди 2 ҳазор нафар низ зан ҳастанд.

Асғари Ҷаҳонгир раиси Созмони зиндонҳо ва иқдомоти таъминӣ ва тарбиятии Эрон рӯзи панҷшанбе афзуд: Беш аз 800 нафар аз зиндониёни  хориҷӣ аз афви мақоми муаззами Раҳбарӣ баҳраманд шудаанд ва бо хуруҷ аз зиндон ба сурати яктарафа ба мақомоти кишварашон таҳвил дода шудаанд.

Ҷаҳонгир бо ишора ба инки афви мақоми муаззами Раҳбарӣ шомили зиндониёне, ки шокии хусусӣ доранд, намешавад, таъкид кард, шокии хусусӣ ба манзилаи ҳаққуннос аст ва зиндонӣ ҳатман бояд ризояти шокии худро ба даст оварад, аммо агар муҷозоти фарде пардохти ҷазои нақдӣ буда ва пас аз поёни даврони маҳкумияти ҳабс ба далели аҷз аз пардохти ҷазои нақдӣ ҳамчунон дар зиндон аст, шомили афв ва озодӣ шудааст.

Раиси Созмони зиндонҳо ва иқдомоти таъминӣ ва тарбиятии Эрон таъкид кард, дар ҳоли ҳозир наздик ба 4 ҳазору 500 нафар аз маҳкумони молӣ озод шудаанд.

 

Барчасп