Март 02, 2019 10:58 Asia/Dushanbe
  • Қаҳрамонии Эрон дар мусобиқоти байналмилалии тэквандои Ҷоми раёсати Федератсияи ҷаҳонӣ - 2019

Тими миллии бузургсолони теквандои Эрон рӯзи ҷумъа дар севумин давраи мусобиқоти байналмилалии Ҷоми раёсати Федератсияи ҷаҳонӣ 2019 дар ҷазираи Кеш (ҷануби Эрон) ба мақоми қаҳрамонӣ даст ёфт.

Севумин давраи мусобиқоти Ҷоми раёсати Федератсияи ҷаҳонӣ дар Осиё (G2) дар ду бахши киоруги ва паратеквандо ва дар радаҳои синнии навҷавонон ва бузургсолон аз 28 –уми феврал оғоз шудааст.

Рақобатҳои бахши бузургсолон рӯзи ҷумъа поён ёфт. Рақобатҳои радаи синнии навҷавонон низ аз имрӯз (шанбе) оғоз мешавад.

Дар рақобатҳои бузургсолон 361 теквандокор аз кишварҳои Урдун, ҷумҳурии Озарбойҷон, Амрико, Арманистон, Узбакистон, Афғонистон, Эрон, Покистон, Тунис, Чин, Русия, Сурия, Шветсия, Ироқ, Уммон, Қазоқистон, Кореяи Ҷанубӣ, Гурҷистон, Лубнон, Полша ва Ҳинд ҳузур доштанд.

Дар поёни рақобатҳои бузургсолон Эрон бо 5 медали тило, 2 нуқра, як бронз ва 763 имтиёз қаҳрамон шуд. Урдун бо 2 медали тило, як бронз ва 279 имтиёз ноибқаҳрамон ва Кореяи Ҷанубӣ бо як тило ва 128 имтиёз бар сакуи севум истод.

 

 

Барчасп