Март 04, 2019 19:42 Asia/Dushanbe
  • Рӯнамоӣ аз китоби “Сотим Улуғзода ва фарҳанги миллӣ” дар “Шаби Тоҷикистон”

Кордори Сафорати Тоҷикистон дар Эрон гуфт, Сотим Улуғзода, нависандаи мардумии тоҷик бо офаридани осоре ҷовидона, номи худро дар зеҳни ҳамаи тоҷикон ва эрониён ба сабт расондааст.

Ба гузориши ИРНА, Муродҷон Бурибоев дар маросими рӯнамоӣ аз китоби “Сотим Улуғзода ва фарҳанги миллӣ”, дар ойини фарҳангии “Шаби Тоҷикистон” дар Теҳрон афзуд, “Сотим Улуғзода – “Шоҳнома” –и манзуми 9 ҷилдии Фирдавсиро ба хотири ин ки мутолиаи комили он замонбар аст, бо забони оммафаҳми тоҷикӣ дар ду ҷилд ба наср баргардонд.

Дар ин маросим ҷамъе аз тоҷикон, эрониён ва дипломатҳои ду кишвар аз китобе рӯнамоӣ карданд, ки хадамоти мондагори Сотим Улуғзода аз нависандагони бузурги тоҷикро дар арсаи адабиёти форсӣ сабт кардааст.

Китоби “Сотим Улуғзода ва фарҳанги миллӣ” навиштаи Сироҷиддини Эмомалӣ, донишманди тоҷик аст, ки ба қалами Шоҳмансури Шоҳмирзо ба форсӣ тарҷума шудааст.

Дар ин барнома алоқамандон аз намоишгоҳи акси машоҳири Тоҷикистон ва саноеи дастии ин кишвар боздид карданд ва гурӯҳи мусиқии “навои милал” оҳангҳои тоҷикиро иҷро карданд.

Барномаи “Шаби Тоҷикистон” бо ҳамкории Бунёди офаринишҳои ҳунарии Ниёварон, муассисаи фарҳангии ЭКО ва Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Эрон баргузор шуд.

Сотим Улуғзода яке аз чеҳраҳои мондагоре аст, ки дар адабиёти муосири Тоҷикистон хадамоти арзишманде аз ӯ барҷой мондааст.

Китоби “Шаби гирифтани моҳ”, достони зиндагии Фирдавсӣ, вижаи навҷавонон аз навиштаҳои Улуғзода аст ва нусхаи вироишшудаи он 22 сол пеш баргузидаи китоби соли Ҷумҳурии Исломии Эрон шуд.

Аз муҳимтарин осори ӯ пеш аз ҷанги ҷаҳонии дувум, метавон ба намоишномаи “Шодмон” ва “Калтакдорони сурх” ишора кард.

Сурудани ашъори операи Рӯдакӣ низ аз дигар корҳои ӯст.