Март 04, 2019 20:19 Asia/Dushanbe
  • Сафири собиқи Эрон дар Душанбе: Эрониён ва тоҷикон ҷудоинопазиранд

Сафири собиқи Эрон дар Тоҷикистон гуфт, эрониён ва тоҷикон ҷудоинопазиранд ва девори оҳанини коммунизми Шӯравӣ баъд аз 70 сол ҳам дар ҷудоии ду кишвар корсоз набудааст.

Ба гузориши ИРНА, Алиасғари Шеърдӯст, пажӯҳишгари таърих ва адабиёти форсӣ дар ойини фарҳангии “Шаби Тоҷикистон” дар Теҳрон афзуд: “Агар ҳамакнун сӯитафоҳуме ҳаст, ки ҷиддӣ ҳам нест, вазифаи давлатмардони ду кишвар аст, ки барои барчидани он иқдом кунанд”.

Вай афзуд: “Мо на танҳо ба гузаштаи муштарак ифтихор мекунем, балки ояндаи муштарак ҳам дорем ва ниёз аст, ки мардони бузург по пеш бигузоранд ва сӯитафоҳумҳоро аз миён бардоранд, чун мо душманони муштарак ва дӯстони муштарак ва ояндаи муштарак дорем”.

Ин пажӯҳишгари таърих ва адабиёти форсӣ таъкид кард, варақ - варақ китоби шоирони тоҷик ва таърихи адабиёти Тоҷикистон нишон медиҳад, ки онон Эронро ватани худ медонанд ва аз дарду ғами ҷудоии 70 сола навиштаанд.

Шеърдӯст афзуд, шоирон ва адибоне монанди Сотим Улуғзода ва Лоиқ Шералӣ дар эҳёи фарҳанг ва адаби Эрон ва Тоҷикистон нақши муҳиме ифо карда ва ҳамвора дар ашъори худ аз пайванди ногусастании ду миллат сурудаанд.

Сафири собиқи Эрон дар Тоҷикистон гуфт, бо ҳамон навое, ки Эрон ба ваҷд меояд, тоҷикон ҳам ба ваҷд меоянд ва ҳамон қадр, ки Мавлоно, Ҳофиз ва Фирдавсӣ дар назди Эрон азамат доранд, дар назди тоҷикон ҳам гиромӣ ҳастанд.

Шеърдӯст гуфт, дар рӯзҳои сахти Эрон, тоҷикон ёру мададрасони Эрон буданд ва дар рӯзҳои сахти Тоҷикистон ҳам Эрон ба ёрии тоҷикон шитофт. Чун як миллатанд ва як мардум бо орзуҳо ва ояндае муштарак.

 

 

Барчасп