Март 05, 2019 20:11 Asia/Dushanbe
  • Теҳрон мизбони ҳафтумин иҷлоси Шӯрои ҳамоҳангии каридори транзитии Шимол- Ҷануб

Ҳафтумин иҷлоси Шӯрои ҳамоҳангии каридори транзитии Шимол- Ҷануб бо ҳузури намояндагоне аз 14 кишвари узв дар Теҳрон оғоз ба кор кард.

Муҳаммади Исломӣ, вазири роҳ ва шаҳрсозии Эрон асри душанбе дар оғози ин нишаст бо ишора ба ҳамзамонии баргузории иҷлоси ҳафтуми Шӯрои ҳамоҳангии каридори Шимол- Ҷануб дар Теҳрон бо ифтитоҳи роҳи оҳани Қазвин-Рашт гуфт, ин иҷлос нуқтаи атфе дар каридори Шимол-Ҷануб ба шумор меравад.

Дар ин иҷлоси дурӯза, ки ҳамзамон бо ҳаштумин иҷлоси коршиносии кишварҳои узв баргузор мешавад, шохаи дарёии каридори транзитии Шимол- Ҷануб ва ҷобаҷоии комюнҳо ба равиши “рӯ – рӯ” аз рӯйи баҳри Хазар, мавриди баҳсу баррасӣ қарор мегирад.

Каридори Шимол - Ҷануб дар соли 2000 бо ҳамкории се кишвари Эрон, Ҳинд ва Русия ташкил шуд ва бо пайвастани 11 кишвари дигар, яъне Арманистон, Булғория, Уммон, Туркия, Тоҷикистон, Қазоқистон, Қирғизистон, Украина, Беларус, Сурия ва ҷумҳурии Озарбойҷон, ҳамакнун 14 узв дорад.

Эрон ба далели мавқеияти стратегии худ дар чаҳорроҳи каридории ҷаҳон қарор гирифтааст ва каридорҳои Шимол - Ҷануб, Шарқ - Ғарб, ҷануби Осиё ва Трасико (Трасико -каридори байналмилалӣ аст, ки Осиёро ба Аврупо муттасил мекунад) чаҳор каридори муҳими иртиботии ҷаҳон ҳастанд, ки бахше аз онҳо аз Эрон мегузарад.

Каридори Шимол-Ҷануб муҳимтарин ҳалқаи тиҷорати байни Осиё ва Аврупо аст, ки дар муқоиса бо масирҳои суннатӣ аз назари масофат ва замон то 40 дарсад кӯтоҳтар ва аз назари ҳазина то 30 дарсад арзонтар аст. Ин каридор яке аз масирҳои муҳими транзитӣ дар Осиёи Миёна аст ва кишварҳо дар масири ин каридор ҳар як бо ташкили иттиҳодия ва бастани қарордодҳои ҳамкорӣ дар рақобати ҳамаҷониба ба тавсеа ва таҷҳизи банодир, ҷодаҳо, терминал ва масирҳои роҳи оҳани худ мепардозанд.

Сураб Кумар, сафири Ҳинд дар Эрон бо ишора ба аҳамияти каридори Шимол-Ҷануб мегӯяд, ҳамли борҳои озмоишӣ дар ин масир ва натиҷаи фавқуллодаи он сабаб шуда то дар Ҳинд ҷаласот ва гирдиҳамоиҳои бисёре барои муаррифии ин каридор ва манофеи он ба сармоягузорони ҳиндӣ баргузор шавад.

Яке аз аҳдофи баргузории иҷлоси Теҳрон, таъкид бар ин нукта аст, ки тавсеаи транзит ва ҳамлу нақли байналмилалӣ фақат вобаста ба ҳамлу нақл нест, балки иртиқои тиҷоратро низ дар пай дорад. Дар соли 2018 ёздаҳ миллион тон коло аз ин каридор ҷобаҷо шуд, ки бо таваҷҷуҳ ба такмили роҳи оҳани Қазвин - Рашт ин мизон афзоиш хоҳад ёфт.

Шаҳроми Одамнажод, муовини ҳамлу нақли вазири роҳ ва шаҳрсозӣ дар ҳафтумин иҷлоси Шӯрои ҳамоҳангии каридори транзитии Шимол – Ҷануб бо ишора ба рӯйкардҳои асосии Ҷумҳурии исломии Эрон дар хусуси равнақи ҳарчӣ бештари транзит ва сипас рушди тиҷорат ва мубодилоти иқтисодӣ дар ин каридор гуфт, тиҷорисозии ҳамаи масирҳои ҷойгузин дар каридор ба манзури фаъолсозии ин каридор, бозсозии ҳалқаҳои заиф ё мафқуд дар тӯли занҷира дар дастури кор қарор дорад, ки аз ҷумлаи иқдомоти роҳбурдӣ дар ин замина метавон ба тавсеаи масирҳои дарёии бандарҳои шимоли Эрон ҷиҳати иттисол ба банодири ҳошияи дарёи Хазар аз тариқи барқарории хутути киштиронии муназзам ишора кард.

Ин иқдомот ва тарҳҳо сабаби тақвияти масирҳои каридори Шимол - Ҷануб ва Ҷануб - Ғарб ҷиҳати иттисол ба дарёи Сиёҳ хоҳад шуд. Ҷумҳурии Исломии Эрон дар ин замина омодаи ҳамкории наздик барои ҷазби сармоягузорони хориҷӣ аст ва мушаввиқҳо ва имтиёзотеро низ дар ин замина дар назар гирифта аст.

Таваҷҷуҳ ба ҷаззобиятҳои туристӣ ва гардишгарии каридори Шимол – Ҷануб дар канори тавсеаи транзити бор, аз дигар мавзӯоте аст, ки бо дигар кишварҳои узви каридор дар дастур қарор дорад.

Интизор меравад, ширкаткунандагон дар ҳафтумин иҷлоси Шӯрои ҳамоҳангии каридори транзитии Шимол – Ҷануб ба роҳкорҳои муассир дар ҷиҳати ҳамафзоӣ ва ҳамоҳангии кишварҳои узв даст пайдо кунанд то фазои матлубтаре барои истифода аз мазиятҳои каридори Шимол – Ҷануб фароҳам шавад.

 

 

Барчасп