Сентябр 15, 2016 15:47 Asia/Dushanbe
  • Эрон ва Аврупо; гомҳои тоза барои ҳамкории ҳастаӣ

Алиакбари Солеҳӣ, раиси Созмони энержии атомии Эрон, ки барои гуфтугӯ дар бораи ҳамкориҳои ҳастаӣ пас аз БАРҶОМ, ба Брюссел сафар карда, аз пешниҳодҳои тозаи Иттиҳодияи Аврупо барои ҳамкории ҳастаӣ бо Эрон дар чорчӯби БАРҶОМ хабар дод.

Солеҳӣ рӯзи чаҳоршанбе, пас аз дидор бо Мигел Конете, комиссари энержии Иттиҳодияи Аврупо, дар гуфтугӯи хабарие аз бардошта шудани гомҳои мусбат дар масири ҳамкориҳои илмӣ ва фаннӣ байни Эрон ва Аврупо сухан гуфт ва эълом кард, ба зудӣ мавзӯи узвияти Эрон дар тарҳи байналмилалии гудохти ҳастаӣ (iter) ба таври расмӣ эълом хоҳад шуд.

Дар тарҳи байналмилалии гудохти ҳастаӣ (iter), ки проекте илмӣ барои тавлиди энержиҳои нав аст, 27 кишвари аврупоӣ, Амрико, Чин, Ҳинд, Кореяи ҷанубӣ ва Ҷопон мушорикат доранд.

Ин тарҳ тайи 30 то 40 соли оянда ба марҳилаи тиҷорисозӣ мерасад ва Эрон аз ҳамакнун сармоягузорӣ рӯйи ин тарҳро оғоз кардааст.

Акнун як сол аз имзои БАРҶОМ мегузарад. Дар ин муддат осори ин тавофуқ аз ҷанбаҳои мухталиф ва умдатан аз зовияи лағви таҳримҳо мавриди таваҷҷуҳ будааст. Дар ҳоле ки яке дигар аз ҷанбаҳои муҳими барномаи муштараки иқдоми БАРҶОМ, ҳифз ва идомаи ҳуқуқи ҳастаӣ ва идомаи проектҳои таҳқиқотиву илмӣ ва тавсеаи дониши ҳастаии Эрон дар масорифи сулҳомез аст.

Нигоҳе ба корномаи Созмони энержии атомии Эрон нишон медиҳад, фаъолиятҳои Эрон бар асоси тавофуқе, ки дар БАРҶОМ ба даст омад, бахши сонтрифужҳо натанҳо мутаваққиф нашуд, балки Эрон доманаи иттилоот ва дониши фаннии худро дар чорчӯби тавофуқи ҳастаӣ тавсеа додааст.

Бо талоши мутахассисони эронӣ, акнун заминаи тавлиди изотопҳои пойдор низ фароҳам шудааст. Ба гуфтаи Солеҳӣ, Эрон барои иртиқои сонтрифужҳои махсус, тавлиди ин навъи изотопҳо дар ҳоли ҳамкорӣ бо Русия аст. Солеҳӣ гуфтааст, бар ин асос, Эрон сонтрифужҳои "ir-1"-ро иртиқо медиҳад то битавонанд изотопҳои пойдорро тавлид кунанд.

Эрон ҳамчунин муваффақ шудааст сонтрифужҳои лозим дар бахши беҳдошт ва саломатро таъмин кунад, ки барои тавлиди воксин ва доруҳои навтаркиб корбурд дорад.

Тарҳи мавсум ба "гудохти ҳастаӣ" низ меҳваритарин проекти илмии Созмони энержии атомӣ аст, ки интизор меравад бо пайвастани Эрон ба ин проект, пешрафтҳои хубе дар ин арса низ ба даст ояд.

Аз дигар фаъолиятҳои тиҷории Эрон дар санъати ҳастаӣ, тавлид ва фурӯши оби сангини мавриди ниёз дар фаъолиятҳои санъати ҳастаӣ аст. Эрон акнун бо бумисозии тавлиди об сангини Арок ба марҳилаи фурӯши ин маҳсул дар чорчӯби муқаррароти байналмилалӣ расидааст.

Оби сангин колои роҳбурдӣ бо корбурдҳои мутанаввеи санъатӣ аст. Аз ҷумлаи ин корбурдҳо, истифода аз ин маҳсул дар саноеи доруӣ ва химиявӣ ва ҳамчунин дар тарҳи гудохти ҳастаӣ аст.

Кайфияти оби сангини тавлидшуда дар Эрон бо хулуси 99/ 95 дарсад дар беҳтарин озмоишгоҳҳо ба таъйид расидааст ва Эрон аз назари кайфияти он дар муқоиса бо бисёре аз кишварҳои тавлидкунанда оби сангин дар ҷаҳон дар зумраи бо кайфияттаринҳо қарор дорад. Дар ҳоли ҳозир илова бар Русия ва Амрико, ширкатҳои бузурги аврупоӣ низ талабгори хариди оби сангин аз Эрон ҳастанд.

Созмони энержии атомӣ дар чорчӯби пешрафтҳои илмии худ муваффақ ба таъмини сӯхти 20 дарсадии мавриди ниёзи реактор низ шудааст ва акнун реактори таҳқиқотии Теҳрон бо сӯхти тавлиди Эрон кор мекунад.

Мутобиқи Барномаи ҷомеи иқдоми муштарак сойири фаъолиятҳои ҳастаӣ дар бахшҳои таҳқиқотӣ ва тавсеаи фановарии ҳастаӣ низ идома дорад, ки бахше аз тавофуқи Эрон ва Ожонси байналмилали энержии атомӣ аст.

Амрико ва чанд кишвари аврупоӣ солҳои зиёде бо ҷанҷолсозӣ талош карданд барномаи ҳастаии сулҳомези Эронро таҳдид нишон диҳанд. Ғарб талоши худро бар таваққуф ва барчидани комили таъсисоти ҳастаии Эрон мутамаркиз карда буд ва ваъдаи барчидани таъсисоти ҳастаии Эронро дода буд. Аммо саранҷом ин парванда дар чорчӯби тавофуқи ҳастаӣ ва мутобиқи муҳтавои Барномаи ҷомеи иқдоми муштарак баста шуд. Дар ҳоле ки Эрон ба ҳуқуқи комили ҳастаии худ даст ёфт.