Март 09, 2019 12:45 Asia/Dushanbe
  • Эрон ва Тоҷикистон дар масири дурусте ба пеш мераванд

Баҳроми Қосимӣ, сухангӯи Вазорати хориҷаи Эрон таъйид кард, Муҳаммадтақии Собирӣ сафири ҷадиди Эрон дар Душанбе шуд.

Сухангӯи дастгоҳи дипломатии Эрон таъйид кард, ки Муҳаммадтақии Собирӣ қарор аст ба унвони сафири ҷадиди Эрон тайи рӯзҳои оянда кори худро дар Душанбе оғоз кунад.

Муҳаммадтақии Собирӣ, муовини идорӣ ва молии Вазорати хориҷаи Эрон қарор аст ба ҷойи Ҳуҷҷатуллоҳ Фағонӣ ба унвони сафири ҷадиди Эрон тайи рӯзҳои оянда кори худро дар Душанбе - пойтахти Тоҷикистон оғоз кунад.

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон, сухангӯи дастгоҳи дипломатии Эрон бо баёни ин ки Тоҷикистон ба лиҳози иштирокоти таърихӣ, тамаддунӣ ва фарҳангӣ бо Эрон шояд аз маъдуд кишварҳое аст, ки аз факторҳо ва элементҳо (унсурҳо) -и матраҳ дар ҳавзаи фарҳангӣ, тамаддунӣ ва таърихӣ, бештарин шохисҳоро метавонад ба худаш ихтисос диҳад, изҳор дошт: Давлати Тоҷикистон ахиран сафири ҷадиди худро, ки яке аз дипломатҳои олирутбаи ин кишвар аст ва пеш аз ин муовини вазири хориҷа будааст, ба унвони сафири ҷадид дар Теҳрон муаррифӣ карда, ки ба назар мерасад ин иқдом дар Теҳрон метавонад бо истиқболи дархуре мувоҷеҳ шавад.

Вай изҳор дошт, зарурат дорад ду кишвари Эрон ва Тоҷикистон ба таври доим дар тамос бошанд ва ба сурати мустақим ва аз каналҳои дипломатӣ дидгоҳҳои тарафи муқобилро бишнаванд.

Ба гуфтаи Қосимӣ, Эрон ва Тоҷикистон бо таваҷҷуҳ ба собиқа ва иштирокот дар ҳавзаҳое чун синамо, мусиқӣ, мутолеоти муштарак дар мавриди таърихи гузашта, таърихи минтақа, адабиёт, забон, шеър, ҳунар ва ...метавонанд корҳои муштараки судмандеро ба сурати муштарак анҷом диҳанд.

Сухангӯи Вазорати умури хориҷаи Эрон бо баёни ин ки нигоҳи мо ба Тоҷикистон нигоҳе мубтанӣ бар як равобити хешовандӣ аст, гуфт, равобити Эрон ва Тоҷикистон равобите амиқ ва мубтанӣ бар решаҳои муштарак ва куҳан аст. Наметавон ин пайвандҳо ва пайвастгиҳои ба ёдгор ва мондагор аз гузаштаҳои дурро нодида гирифт.

Қосимӣ бо баёни ин ки сиёсати Эрон нисбат ба ҳамсоягон, сиёсати ошкор ва комилан равшан ва бар асоси таъмиқ ва тавсеаи ҳар чӣ бештарт ҳамкориҳост, таъкид кард: “Мо хоҳони Тоҷикистоне ҳастем, ки ҳамвора бархурдор аз амният, субот, муқтадир ва рӯ ба ва тавсеа бошад. Сиёсат ва рӯйкарди Эрон дар солҳои баъд аз истиқлоли ин кишвар ҳамроҳӣ ва истодан дар канори давлати Тоҷикистон буда ва ин сиёсат ва рӯйкард ҳамчунон аз сӯи мо идома дорад ва тағйире накардааст”.

Муҳаммадтақии Собирӣ, сафири ҷадиди Эрон дар Душанбе пеш аз ин мудири кулли ташкилот ва буҷаи Вазорати умури хориҷаи Эрон будааст.

Image Caption

 

 

Барчасп