Таъкиди Руҳонӣ ва Имронхон бар бархурди қотеъ бо террористҳо
(last modified Sun, 10 Mar 2019 06:16:08 GMT )
Март 10, 2019 11:16 Asia/Dushanbe
  • Таъкиди Руҳонӣ ва Имронхон бар бархурди қотеъ бо террористҳо

Раиси Ҷумҳурии Исломии Эрон, равобити ду миллати Эрон ва Покистонро намуна ва таърихӣ хонд ва таъкид кард: Масъулони аршади ду кишвар набояд иҷоза диҳанд теъдоде террорист, ки абзори дигар кишварҳо ҳастанд, байни Теҳрон – Исломобод фосила биандозанд.

Ҳасани Руҳонӣ рӯзи шанбе дар тамоси телефонии Имронхон нахуствазири Покистон, бо баёни ин ки Эрон ба хубӣ медонад гурӯҳакҳои террористие, ки аз хоки Покистон барои ҳамлаҳои террористӣ алайҳи миллати Эрон истифода мекунанд дар кадом манотиқ мустақар ҳастанд, гуфт: Эрон мунтазири амалиёти қотеи Покистон алайҳи ин террористҳост.

Рӯҳонӣ афзуд: Эрон омодагӣ дорад, ки бо артиш ва давлати Покистон барои аз байн бурдани ин террористҳо, ки ҳузури онҳо ба нафъи Эрон, Покистон ва минтақа нест, ҳамкорӣ кунад.

Имронхон нахуствазири Покистон низ дар ин тамоси телефонӣ бо ишора ба ин ки Покистон бисёр ба террористҳо ва маҳали пинҳоншавии онон наздик шудааст, ба раиси Ҷумҳурии Исломии Эрон итминон дод: Артиш ва давлати Покистон тамоми талоши худро барои аз байн бурдани террористҳо ба кор хоҳанд гирифт ва иҷоза нахоҳанд дод ин террористҳо аз хоки ин кишвар алайҳи ҳамсоягон ва ба вижа мардуми Эрон истифода кунанд.

Имронхон таъкид кард: Ба зудӣ ахбори хушҳолкунандае дар бораи ин террористҳо ва иқдомот алайҳи онҳо дар ихтиёри Эрон қарор хоҳад гирифт.

13 феврал як автобуси марзбонони Эрон дар ҷодаи Хош - Зоҳидон дар устони Сиистон ва Балучистон, ҳадафи ҳамлаи террористӣ қарор гирифт, ки дар ин ҳамла 27 нафар аз ҳофизони марзҳои Эрон шаҳид ва 13 нафар захмӣ шуданд.

Гурӯҳаки террористии мавсум ба "Ҷайшулъадл", ки дар хоки Покистон мустақар аст, масъулияти ин ҳамларо бар ӯҳда гирифт.

Ин нахустин бор набуда, ки ин гурӯҳаки террористӣ аз хоки Покистон, низомиён ва ғайринизомиёни эрониро ҳадаф қарор додааст.

 

Барчасп