Март 11, 2019 13:38 Asia/Dushanbe
  • 500 ҳазор кӯдаки афғонистонӣ ройгон дар Эрон таҳсил мекунанд

Дабири марҷаъи миллии Конвенсияи ҳуқуқи кӯдаки Эрон гуфт: Эрон ҳамвора мизбони чаҳор миллион хориҷӣ бавижа афғонистониҳо будааст ва ҳудуди 500 ҳазор кӯдаки афғон ба таври ройгон дар Эрон таҳсил мекунанд.

Ба гузориши ИРНА, Маҳмуди Аббосӣ, дабири марҷаъи миллии Конвенсияи ҳуқуқи кӯдаки Эрон дар дидор бо Ринат Винтер, раиси Кумитаи ҳуқуқи кӯдаки Созмони Милали Муттаҳид дар Женева афзуд, Эрон дар чаҳор даҳаи гузашта мизбони беш аз чаҳор миллион атбои бегона будааст, ин дар ҳоле аст, ки кулли Иттиҳоди Аврупо ҳузури чанд 10 ҳазор овораи ҷангҳои Сурия ва Ироқ ва минтақаро барнатофт ва оворагон бо девори оҳанини кишварҳои аврупоӣ мувоҷиҳ шуданд.

Дабири марҷаъи миллии Конвенсияи ҳуқуқи кӯдаки Эрон бо ибрози нигаронӣ аз вазъи кӯдакони Яман ва Фаластин, сукут ва бетафовутии ҷомеаи байналмилалӣ нисбат ба ҷиноёти Оли Сауд ва саҳюнистҳоро дар Яман ва Фаластин мӯҷиби густохии бештари ин режимҳо донист ва маҳкумият ва поён додан ба ин ҷиноётро хостор шуд.

Ринат Винтер низ бо ибрози хурсандӣ аз дидор бо ҳайати эронӣ, таҳаввулоти чашмгири Эрон дар заминаи ҳуқуқи кӯдакро мусбат арзёбӣ кард.

 

Барчасп