Март 13, 2019 18:00 Asia/Dushanbe
  • Дидори раиси Ҷумҳурии Исломии Эрон бо оятуллоҳ Систонӣ

Раиси Ҷумҳурии Исломии Эрон бо оятуллоҳ Алии Систонӣ, марҷаи олиқадри шиаёни Ироқ дар Наҷафи Ашраф дидору гуфтугӯ кард.

Ба гузориши ИРНА, Ҳасани Рӯҳонӣ, раиси Ҷумҳурии Исломии Эрон субҳи чаҳоршанбе, пас аз зиёрати ҳарами мутаҳҳар ва нуронии Имом Алӣ (а), бо оятуллоҳ Систонӣ гуфтугӯ кард. 

Раиси Ҷумҳурии Исломии Эрон рӯзи душанбе, дар сафари расмии серӯза вориди Бағдод шуд ва тайи ду рӯзи иқомат дар пойтахти Ироқ бо мақомоти ин кишвар, шахсиятҳо ва нухбагони ироқӣ дидору гуфтугӯ кард ва панҷ санад ва ёддошти тафоҳуми ҳамкорӣ имзо кард.

Эрон ва Ироқ бо судури як баёнияи муштарак, зимни муайян кардани чорчӯби ҳамкориҳои оянда, дар бораи ройгон шудани раводид барои шаҳрвандони ду кишвар ва низ лойрӯбии Арвандрӯд тавофуқ карданд. 

Барчасп