Март 13, 2019 20:45 Asia/Dushanbe
  •  Блумберг: Тақвияти равобити иқтисодии Эрон ва Ироқ/ Амрико ба ҳошия ронда шуд

Блумберг бо ишора ба талоши Амрико барои ташвиқи Ироқ ба манзури коҳиши равобити иқтисодӣ бо Эрон менависад, дар ҷараёни дидори Рӯҳонӣ аз Ироқ, ду кишвар тавофуқотеро барои густариши ҳамкориҳои иқтисодӣ дар ҳавзаҳои мухталиф бастанд.

Хабаргузории Блумберг бо интишори гузорише дар бораи талошҳои Эрон ва Амрико барои майл додани Ироқ ба самти худашон эътироф мекунад, ки дар ин набарди Эрон дар остонаи пирӯзӣ аст.

Дар гузориши Блумберг омадааст, ки дар сафари серӯзаи Ҳасани Рӯҳонӣ, раисҷумҳури Эрон ба Ироқ, вай конфронси хабарие бо ҳамтои ироқии худ баргузор кард, дар ҳузури туҷҷор ва соҳибони касбу кори Ироқ суханронӣ кард ва зимни дидор аз марокизи мазҳабӣ дар шаҳрҳои Ироқ, бо раҳбарони қабоил ва ашоири ин кишвар низ дидор кард.

Ин дар ҳоле аст, ки ба навиштаи Блумберг, Трамп дар декабри соли гузашта ва дар ҳоле, ки Амрико барои 16 сол дар Ироқ ҳузури низомӣ дорад, ба сурати сарзада ва махфиёна ва дар нимаҳои шаб вориди яке аз пойгоҳҳои низомиёни амрикоӣ дар Ироқ шуд ва танҳо бо низомиёни амрикоӣ сухан гуфт ва бидуни он ки бо мақомоти аршади ироқӣ гуфтугӯе кунад ин кишварро тарк кард.

Эҳсон Ашшамари, як таҳлилгари ироқӣ дар хусуси сафари Рӯҳонӣ ба Ироқ ба Блумберг гуфт, ки бахши асосии паёми Рӯҳонӣ хитоб ба Иёлоти муттаҳида буд: “Эрон рӯйи замин дар масири аслӣ қарор дорад ... (Эрон) равобиташро ба шеваи густурдае барои ҳимоят аз мавозеи сиёсиаш дар Ироқ тақвият мекунад”.

Дар шароите, ки Амрико талош дорад бо фишор ба тарафҳои тиҷории Эрон, азҷумла Ироқ, онҳоро водор ба коҳиши пайвандҳо ва табодулоти тиҷорӣ ва иқтисодӣ бо Эрон кунанд, аммо ба назар мерасад, ки дар Ироқ моҷаро ба гунаи дигаре аст.

 

Барчасп