Қадрдонии Исломобод аз Эрон барои содироти бевақфаи барқ ба Покистон
(last modified Fri, 15 Mar 2019 13:37:25 GMT )
Март 15, 2019 18:37 Asia/Dushanbe
  • Қадрдонии Исломобод аз Эрон барои содироти бевақфаи барқ ба Покистон

Вазири энержии Покистон аз ҳамкории ширкати Тавонири Эрон барои содироти бевақфаи барқ ба Покистон қадрдонӣ кард.

Ба гузориши ИРНА, Умар Айюбхон вазири энержии Покистон дар дидори ҳайате аз ширкати Тавонир ба риёсати Алиасғари Исмоилниё узви ҳайати мудира ва муовини молии ин ширкат дар Исломобод гуфт: Теҳрон ва Исломобод дорои мавозеъ ва нуқтаи назарҳои муштарак дар хусуси равобити дуҷониба ва мавзӯъҳои минтақаӣ ҳастанд.

Умар Айюбхон изҳор дошт: Раванди интиқоли барқ аз Эрон ба Покистон идома дорад ва мо ба хотири ин ҳамкорӣ аз ширкати Тавонир қадрдонӣ мекунем.

Тарафҳо ҳамчунин дар ин нишаст масоили марбут ба содироти барқ аз Эрон ба манотиқи мухталифи Покистонро мавриди баррасӣ қарор доданд.

Дар соли 2001 Эрон ва Покистон нахустин мувофиқатномаи содироти барқро имзо карданд ва акнун ин рақам ба 3 баробар афзоиш ёфтааст.