Март 16, 2019 17:55 Asia/Dushanbe
  • Вуруди пайкари 115 шаҳиди даврони дифои муқаддас ба Эрон

Пайкарҳои поку мутаҳҳари 115 шаҳиди даврони дифои муқаддас аз тариқи бандари Хуррамшаҳр(ҷанубу ғарби Эрон) дар миёни истиқболи гарм ва пуршӯри мардум вориди Эрони исломӣ шуданд.

Ба гузориши хабаргузории Садо ва симо, генерал Саидмуҳаммад Боқирзода, фармондеҳи Кумитаи ҷустуҷӯи мафқудони ситоди неруҳои мусаллаҳи Эрон гуфт: бақоёи пайкари ин шуҳадо дар манотиқи Шаламча, Катибон, Зубайдот ва ҷазоири Арванд дар ҷануби Ироқ кашф шудааст.

Дар ҷанги таҳмилии ҳаштсолаи режими баъси Ироқ зидди Эрон, ки бо ҳимояти бархе кишварҳои ғарбӣ, арабӣ ва бо ҳадафи шикасти Инқилоби Исломӣ сурат гирифт, афзӯн бар 230 ҳазор нафар шаҳид, беш аз ин теъдод, маҷрӯҳ ва ҳазороннафар мафқуд шуданд.

Хисороти ношӣ аз ин таҷовузгарӣ низ беш аз ҳазор миллиарддоллар баровард шудааст.